1 ОКТЯБР — РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОДАМОНИ СОЛХӮРДА. Дар Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани зиндагии пиронсолон андозаи нафақаи онҳо зиёд гардида, ислоҳоти соҳаи мазкур идома дорад

Октябрь 1, 2018 14:14

ДУШАНБЕ, 01.10.2018 /АМИТ «ХОВАР»/. Аввали солҳои 90-уми қарни гузашта ҳалли  мушкилоти ҳаёти  калонсолон,  ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо,  пешгирӣ аз   хушунат, муносибати сарду  бепарвоёнаи  наздикону атрофиён  нисбат ба ин қишри ҷомеа, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии  солхӯрдаҳо, аз ҷумла,  аз  ҳаёти якранг, ноумедиву  дилсардӣ раҳо  намудан ва муҳайё сохтани зиндагии шоиста барои онҳо масъалаҳое  маҳсуб мешуданд, ки  ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда буданд. Бо ҳамин мақсад Ассамблеяи генералии СММ 14 декабри соли 1990 1 октябрро  ҳамчун Рўзи байналмилалии  одамони солхӯрда («International Day of Older Persons») эълом дошт.

Дар ибтидо  ин рӯз дар Аврупо, баъдан дар Амрико ва  шурӯъ аз охирҳои солҳои 90-ум аллакай дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон низ шурӯъ аз соли 1993 Рўзи байналмилалии одамони солхӯрда ҷашн гирифта  мешавад.

Мақсад аз эълон доштани ҷашни мазкур, пеш аз ҳама — ҷалб намудани диққати ҷомеа ба мушкилоти одамони куҳансол,  масъалаҳои пиршавии аҳолӣ ва ҳамчунин пайдо намудани имкониятҳо ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии нафақахӯрон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки  аз  1 сентябри соли 2018  ба ҳисоби миёна то 15 фоиз зиёд намудани андозаи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини зиндагии  арзандаву сазовор   ба   насли калонсоли мамлакат  маҳсуб мешавад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар»   доир ба ин мавзӯъ бо сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдураҳмон ҲАКИМЗОДА   ҳамсуҳбат гардид. Номбурда дар робита ба ин мавзӯъ чунин изҳори андеша намуд:

-Дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини саривақтии нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазиру  ниёзманди аҳолӣ мавқеи махсус дошта,  дар ин самт пайваста дар доираи стратегия ва барномаҳои давлатӣ тадбирҳои зарурӣ  андешида  мешаванд.

Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  14 августи соли 2018  «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» бори дигар  аз  ин ғамхориҳои давлату ҳукумат  нисбат ба насли калонсоли мамлакат  шаҳодат медиҳад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардида буд, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ дар баробари зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва стипендия, ҳамчунин аз 1 сентябри соли 2018 андозаи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол, нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз зиёд карда мешаванд.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастури мазкур аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои молиявии буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин  бо инобати афзалиятҳо, барои зиёдшавии андозаи нафақаҳои шаҳрвандон пешниҳодҳо таҳия ва манзур гардиданд, ки дар Фармони болозикр ба назар гирифта шудаанд.

Мувофиқи Фармони мазкур, аз 1 сентябри соли 2018 андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ 15,4 фоиз ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 13,5 фоиз зиёд карда шуда, ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ аз 156 сомонӣ ба 180 сомонӣ ва ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол аз 748 сомонию 80  дирам  ба 850 сомонӣ дар як моҳ расонида шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳое, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014  «Дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ» нисбат ба  музди меҳнати кормандон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявӣ муайян карда мешавад.

Мувофиқи қарори мазкур, коэффитсиенти ноҳиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон  — 1,20 ва дар шаҳрҳои Роғун ва Норак  — 1,15 муқаррар  гардидааст. Бинобар ин, андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ  216 сомонӣ ва дар шаҳрҳои Нораку Роғун  207 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад.

Коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ба андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол татбиқ намегарданд, яъне аз 1 сентябри соли 2018 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол ба 850 сомонӣ баробар мебошад.

Дар сурати 15,4 фоиз зиёд намудани андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ ҳама намудҳои нафақаҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо ба нафақаҳои меҳнатӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин ва муқаррар гардидаанд, инчунин нафақаҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо ба нафақаҳои суғуртавӣ ва иҷтимоӣ, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин ва муқаррар карда шудаанд, 15,4 фоиз афзоиш меёбанд.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи таҳлилҳо, шумораи гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ, ки то 1 сентябри соли 2018 ба онҳо нафақа таъйин гардидааст,  132  ҳазору   853 нафарро ташкил медиҳад ва нафақаи онҳо бинобар зиёд гардидани андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ 15,4 фоиз афзоиш меёбад. Ҳамчунин  тамоми иловапулиҳо ба нафақа, ки аз рӯи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ ҳисоб карда мешаванд, 15,4 фоиз зиёд мегарданд.

Дар мавриди зиёд гардидани андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол зикр намудан зарур аст, ки айни замон ба зиёда аз 16 ҳазор нафар нафақа бо татбиқи маҳдудият пардохт шуда истодааст. Бо 13,5 фоиз афзоиш ёфтани ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол, нафақаи онҳо дар сурате, ки маблағи маҳдудшуда дошта бошанд, ба ҳамин андоза зиёд мегардад.

Дар баробари ин, мувофиқи Фармони зикршуда, нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ), ба андозаи 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешаванд.

Дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  6 июни соли 2016 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» дар соли 2016 нишон дод, ки бештари нафақагироне, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, саҳми замин доранд ва аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд, вале музди меҳнат намегиранд, яъне даромади иловагии пулии ҳармоҳа надоранд. Бинобар ин, зимни зиёд намудани андозаи нафақаҳои меҳнатии нафақагироне, ки кор намекунанд, ин гурӯҳи нафақагирон истисно гардида, нафақаи онҳо зиёд карда шавад.

Меъёри 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол аз андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, ки аз 1 сентябри соли 2018 бо назардошти зиёдшавӣ ба 180 сомонӣ баробар мегардад, ҳисоб карда мешавад ва андозаи он 54 сомониро ташкил менамояд.

Дар шаҳру ноҳияҳое, ки нисбат ба музди меҳнати кормандон коэффитсиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, меъёри 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявӣ ҳисоб карда мешавад. Яъне  нафақаҳои меҳнатии нафақагироне, ки кор намекунанд, дар вилояти ВМКБ ба андозаи 64,80 сомонӣ, дар шаҳрҳои Нораку Роғун ба андозаи 62,10 сомонӣ ва дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба андозаи 54 сомонӣ зиёд карда мешаванд.

Муқаррароти  мазкур нисбат ба  ҳамаи нафақаҳои меҳнатии амалкунанда, аз ҷумла, аз рӯи синну сол, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон ва барои хизмати дарозмуддати нафақагироне, ки то 1 сентябри соли 2018 кор намекунанд, татбиқ мегардад.

Нисбат ба  нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки то 1 сентябри соли 2018 кор мекунанд, аз ҷумла,  ҳамчун корманди кироя ва ё соҳибкори инфиродӣ татбиқ намегардад. Аммо тавре зикр намудем, нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки ба ҳайси аъзои хоҷагии деҳқонӣ фаъолият намуда истодаанд, новобаста аз фаъолият намуданашон ба андозаи 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд карда мешаванд.

Мувофиқи маълумотҳо, айни замон шумораи нафақагирони машғули кор 51 ҳазору  490 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин 17 ҳазору 517 нафар ба ҳайси аъзои хоҷагии деҳқонӣ фаъолият намуда истодаанд.

Ҳамчунин дар асоси Фармони зикргардида андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд ва зиёда аз он таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд), барои маҳрум шудан аз саробон ва аз рӯи маъюбӣ барои маъюбони гурӯҳҳои II ва III (ба ғайр аз маъюбони гурӯҳи II аз овони кӯдакӣ), ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин гардидаанд, 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол муқаррар карда мешаванд. Яъне, нафақаҳои амалкунандаи категорияҳои нафақагирони зикршуда аз 1 сентябри соли 2018 ба андозаи 60 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол баробар карда мешаванд, ки ин ба 108 сомонӣ баробар мебошад ва зиёдшавӣ  15,4 фоизро ташкил менамояд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти ВМКБ нафақаи ин категорияи нафақагирон ба 129,60 сомонӣ ва дар шаҳрҳои Нораку Роғун ба андозаи 124,20 сомонӣ баробар мешавад.

Дар баробари ин, аз 1 сентябри соли ҷорӣ қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавии дар асоси шарт ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» то 1 январи соли 2018 таъйингардидаи нафақагироне, ки кор намекунанд  (ба истиснои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ), ба андозаи 6,7 фоиз, яъне ба андозаи сатҳи таваррум дар соли 2017, ки аз ҷониби мақомоти омор ба ҳолати 1 январи соли 2018 муайян гардидааст, индексатсия карда мешаванд.

Мувофиқи талаботи низоми нави таъминоти нафақа, қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавие, ки дар давоми соли ҷорӣ таъйин карда мешаванд, соли 2019 мувофиқи индекси сатҳи таваррум дар соли 2018 индексатсия карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки то 1 январи соли 2018 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба зиёда аз 82 ҳазор нафар нафақаи суғуртавӣ таъйин карда шудааст ва нафақаи онҳое, ки фаъолият надоранд, мавриди индексатсия қарор дода мешавад.

Аз рўи таҳлилҳои пешакӣ аз шумораи умумии нафақагирон нафақаи 93-95 фоизи онҳо ба бозҳисобӣ фаро гирифта мешаванд, яъне зиёд мегарданд.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сари вақт ва дар сатҳи баланд дар амал татбиқ намудани  ин Фармон то имрӯз корҳои муайянро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, барои фаҳмондадиҳии тартиби бозҳисобии нафақаҳои шаҳрвандон ҳамчун дастури методии дохилиидоравӣ Дастурамал ва дигар маводи дахлдор таҳия карда шуда, ба раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастрас гардиданд. Дар баробари ин, барои кормандони сохторҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  суҳбат –машваратҳои омӯзишӣ  гузаронида шуданд. Бозҳисобии нафақа дар тамоми шаҳру ноҳияҳо то 1 октябри соли 2018 пурра ба анҷом расонида шуд. Маблағи нафақаи нафақагирони шаҳри Душанбе бо назардошти зиёдшавӣ аллакай моҳи сентябр мувофиқи реҷаи тасдиқшуда, яъне 15-16 сентябри соли ҷорӣ пурра пардохт гардид ва дар дигар шаҳру ноҳияҳо маблағи зиёдшавии нафақа барои моҳи сентябр якҷоя бо нафақаи моҳи октябр аз рӯи реҷаи тасдиқшуда ҳисоб ва пардохт карда мешавад.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба нафақагирон, баланд бардоштани андозаи нафақаҳои шаҳрвандон ва татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбининамудаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда,  тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Рухсораи НУР,
АМИТ  «Ховар»

 

Октябрь 1, 2018 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад