«ҶАҲОНЕ САНЪАТАМ, ДАР БАҲРИ МАЪНӢ ГАВҲАРЭҶОДАМ…». Дар Душанбе ба муносибати 150-солагии шоири шаҳир ва хаттоти моҳир Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ҳамоиши илмӣ доир мегардад

Октябрь 26, 2018 09:51

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 10 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ ба муносибати 150-солагии шоир ва хаттоти машҳури машриқзамин Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ конференсияи илмӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиши илмӣ олимону адабиётшиносон ва забоншиносони ҷумҳурӣ ширкат варзида, дар бораи зиндагӣ, осор, хусусиятҳои забонӣ ва вижагиҳои забони осори Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ибрози андеша менамоянд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни конференсия бо иштироки ҳунарпешаҳои мардумӣ Давлатманди Хол, Чиллахон Холов, Сайфиддин Акрамов ва дигарон  маҳфили адабӣ ва мусиқии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ доир гардад.

Мавриди зикр аст, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (ё Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ) шоири тавонову рангинхаёли охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ мебошад. Ҳоҷӣ Ҳусайн соли 1868 дар деҳаи Қарақамиши Кангурти вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Гузаштагони шоир аз деҳаи Дашти Канаки мавзеи Сарихосор будаанд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн саводи ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъд ба шаҳри Бухоро рафта, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашид таҳсилашро идома медиҳад. Шоир дар баробари аз худ намудани илми замонааш инчунин ҳунарҳои гуногуни нафиса, амсоли хушнависӣ, лаввоҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва муҳрканиро меомӯзад. Худи шоир аз соҳибҳунариаш ифтихор дорад:

Ҷаҳоне санъатам, дар баҳри маънӣ гавҳарэҷодам,

Вале ҳамчун садаф, Ҳоҷӣ, надонам худситоиро.

Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳангоми таҳсил бо шахсиятҳои шинохтаи илму адаби Бухоро, чун Ҳоҷӣ Рафеъ, Садри Зиё, Ҳомидхоҷаи Ҳомид, Мулло Бурҳони Муштоқӣ рафтуомад ва муносибати дӯстӣ доштааст. Шоир баъди таҳсил ба сафари ҳаҷ мебарояд ва се сол дар Арабистон мемонад. Ӯ ба мамлакатҳои Франсия, Ҳиндустон ва Эрон низ мусофират доштааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн баъди бозгашт дар зодгоҳи худ зиндагӣ ихтиёр мекунад ва дар яке аз мадрасаҳои Кангурт ба дарсдиҳӣ машғул мешавад. Шоир соли 1917 дар айни камолоти эҷодӣ аз олам чашм мепӯшад. Ӯ дар мазори ҳазрати Мавлавӣ Юсуф ба хок супурда шудааст.

Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ яке аз шоирони бузурги охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ мебошад, ки, мутаассифона, эҷодиёти ӯ дар адабиётшиносии тоҷик хеле кам мавриди тадқиқ қарор гирифтааст.

Абдусалом Деҳотӣ дар мақолааш бо номи «Шоирони кӯҳистон» масъалаи омӯхтани эҷодиёти шоирони кӯҳистони тоҷикро ба миён гузошта, барҳақ зикр намуда буд, ки «даҳҳо шоирон ва адибони истеъдоднок дар камбағалӣ, хорӣ, дар асорати надимии мирҳои Ҳисор, Кӯлоб, ҳокимони Балҷувон, Дарвоз ва ғайра ҷон додаанд, ё бо гуноҳи саркашӣ кардан аз маҳдудкунии онҳо маҳв ва беному нишон карда шудаанд.

Маҳалҳо, таърих ва тазкираҳоро ҷустуҷӯ карда, зинда гардонидани номи шоирони кӯҳистонии тоҷик ва омӯхтани эҷодиёти онҳо яке аз вазифаҳои муҳими мо, ходимони адабиёти муосири Тоҷикистон мебошад» (Намунаҳои адабиёти тоҷик, 1940, саҳ.219).

Мураттибони тазкираи «Гулшани адаб» (ҷилди 5, соли 1980, саҳ. 337– 362) дар бораи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ маълумоти мухтасар дода, аз осори ӯ 9 ғазал, 5 рубоӣ, 1 мухаммас ва қисмате аз маснавии «Комде ва Мадан»-и ӯро низ овардаанд.

Соли 1962 бахшида ба 80-солагии шоир «Асарҳои мунтахаб»-и ӯ ба нашр расид, ки хонандаи тоҷик бори аввал бо намунаҳои осори Ҳоҷӣ Ҳусайн ошно гардид. Соли 1998 аз тарафи Қ. Чиллазод ва А. Абдураҳимӣ «Куллиёт»-и шоир (бо хати арабиасоси тоҷикӣ ва кириллӣ) интишор гардид, ки мероси бозмондаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро пурра фаро гирифтааст.

Дар байтҳои дохили девон аз «ҳилоли пайкар», «қади хамида», «субҳи пириҳо дамидан», «пиронсолагӣ», «гузаштани умр», «сад бор гузаштани баҳор», «то ҳафтод», «пушти дуто», «хазони фасли мурданҳо» сухан ронда, инчунин дар бандҳои ҷудогонаи мухаммасҳо аз «бенурии чашм», «мижгони сафед» ва «бандаи пири остон» будани хеш ёдрас мешавад:

Чу ҳилол пайкари ман ба тавозӯи дари ӯ,

Ба умеди ҷабҳасоӣ ба қади хамида бигзашт

***

Субҳи пириҳо дамиду рафт замони зиндагӣ,

Рехт анҷумпораҳои осмони зиндагӣ

***

Ҳоҷӣ, дили мо нагашт хуррам,

Сад бор гузашт баҳор бар мо

***

Тарсам, эй маҳ, дар ниқоб аз дида пинҳон бинамат,

Аз ҳиҷоби ноз берун шав, ки осон бинамат.

Нури чашмам нест, то аз дур намоён бинамат,

Чун нигаҳ пеш о, ки дар оғӯши мижгон бинамат,

Бе ҷафову зулмат, эй хуршеди тобон, бинамат.

***

Умрест, ки дар кӯи туам дида ба роҳ аст,

Мижгони сафедам ба чунин ҳол гувоҳ аст,

Эй Юсуфи ман, бе рухи ту ҳол табоҳ аст,

Чун кокули ту толеи ман гашта сиёҳ аст,

Чун зулфи ту бахтам шуда бо даври тасалсул.

***

Эй асли суруру шодмонӣ,

В-эй ёди ту оби зиндагонӣ,

Монӣ ба бақои ҷовидонӣ,

Созам ба хитоб меҳрубонӣ,

К: –«эй бандаи пири остонам!»

Дар байни жанрҳои дигари шеърӣ дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн маснавӣ мавқеи сазовор дорад. Шоир соли 1910 дар пайравии маснавии «Комде ва Мадан»-и Бедил достоне суруда, номи онро низ «Комде ва Мадан» гузоштааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн дар асар дар мисоли ҷанги шоҳи одил ва шоҳи золим, масъалаи муборизаи ду қувва – қувваҳои некӣ ва бадиро ба миён гузоштааст. Ҷолиб аст, ки қувваи хайр бар қувваи шарр ғолиб меояд. Шоир ба дигар образҳои асар ҳам аз ҳамин нуқтаи назар баҳо медиҳад. Образҳои асосии асар – Комде ва Мадан шахсони ҳунарманд, софдил, садоқатманд ва фидокоранд ва онҳо оқибат ба мақсад мерасанд. Муносибати шоир ба табибони ҳозиқ, ки ду дилдодаро аз чанголи марг раҳондаанд, хайрхоҳона ва самимӣ мебошад:

Ба дониш ҳар яке Луқмони сонӣ,

Фалотуне дар амрози ниҳонӣ.

Ба ҳикмат Ибни Синоро гаронсанг,

Арастуфитрату идрокаржанг.

Инчунин дар достони «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ Ҳусайн рӯҳи миллӣ ва пайванд ба замону макон равшан эҳсос мешавад. Шоир дар оғози достон ба тасвири табиати зебои диёри Хатлон мепардозад. Тасвири назаррабо имконият медиҳад, ки хонанда моҳияти Ватанро амиқтар эҳсос намояд:

Чу Хатлон хиттае кам офарида,

Ки фирдавсе ба олам офарида.

Насими файз бар хокаш вазида,

Ғубораш, то бихезад, гул дамида.

Шамолаш, гар бигардад, мушк резад,

Ҳавояш чун бихандад, атр безад…

Чу нархи шир ширин обшораш,

Лаби Ширин канори ҷӯйбораш…

Зулолаш софии Кавсар гирифта,

Чу маъшуқаш замин дар бар гирифта…

Ҳоҷӣ Ҳусайн дар ашъораш аз анъанаи ғании адабиёти классикии тоҷик бомаҳорат истифода карда, ба комёбиҳои назарраси эҷодӣ ноил гардидааст.

Рисолаи «Ашколи хутути исломия»-и Ҳоҷӣ дар хусуси намудҳои гуногуни хат ва хушнависӣ баҳс менамояд. Дар он 63 навъи хати арабӣ аз ҷумла: сулс, ёқутӣ, насх, кӯфӣ, риқоъ, моҳӣ, гулзор, нохунӣ, настаълиқи ҷалӣ, таълиқ, шикастаи таълиқ, настаълиқи хафӣ, исрор, қуръонии бухороӣ, қуръонии кашмирӣ, ғубор ва монанди инҳо нишон дода шудаанд, ки он ҳамчун яке аз асарҳои хуби хаттотӣ аз аҳамият холӣ нест.

Агар ба таърих, тамаддун ва фарҳанги башарӣ дар сарчашмаҳои мухталифи арсаи ҷаҳонӣ нигарем, шоҳиди он мешавем, ки ниёгони барҷастаи мо дар тӯли 14 қарни гузашта аз худ мероси гаронбаҳое дар самтҳои мухталиф бо салоиқи вижа боқӣ гузоштаанд. Аз қабили осори бостонӣ, меросҳои мактуби фарҳангӣ ҳамчун нусхаҳои хаттӣ, катибаҳо ва монанди онҳо. Вале мутаассифона, қисмате аз ин осори куҳан бо сабаби офатҳои табиӣ ва башарӣ бо гузашти замон аз байн рафтаанд.

Мояи сарфарозист, ки имрӯз дар тамоми донишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ мутолиаи ин осори арзишманди ниёгон ба роҳ монда шудааст. Ва ҳар яке аз ин мероси илмӣ-фарҳангӣ дар танҳоӣ мавзӯи садҳо, балки ҳазорон пажӯҳиш дар самтҳои мухталифи илмӣ, ҳамчун меъморӣ, бостоншиносӣ ва нусхашиносӣ мебошанд.

Тавре ки ба мо маълум аст, аз миёни осори гуногуни фарҳангӣ, мероси мактуб, бахусус нусхаҳои хаттӣ аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор ҳастанд. Нусхаҳои хаттӣ аз он ҷо аҳамияти вижа пайдо мекунанд, ки дар баргаҳои заррини худ мероси ниёгони бузурги  як миллатро дар мавзуоти мухталифи илмӣ ба намоиш гузошта, ба мисли амонатдоре ба наслҳои баъдӣ медиҳад ва ба таъбири дигар ҳувияти фарҳангӣ-илмӣ  ва таърихии як миллати бостониро дар миёни ҳофизаи таърихӣ дар саҳифаҳои ин мероси куҳан метавон ҷустуҷӯ кард.

Бо ба даст омадани Истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароиту имконоти хубе барои ҳифзу нигоҳдории осори арзишманди гузаштагонамон фароҳам оварда шудааст. Таъсиси фондҳои нигоҳдории осори хаттӣ дар марказҳои илмӣ-фарҳангӣ гувоҳи он аст, ки дар кишвар барои ҳифзи арзишҳои волои ниёгон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Аз ҷумлаи чунин марказҳои нигоҳдории мероси хаттӣ шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар он теъдоди зиёди нусхаҳои хаттӣ дар шароити созгор ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд. Боиси тазаккур аст, ки яке аз нусхаҳои хаттӣ нусхаи хаттии «Ашколи хутути исломия»-и Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Кангуртӣ мебошад. Ин нусха дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи мазкур ба намоиш гузошта шудааст.

Аз Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайн осоре чун манзумаҳои «Василат-ун-наҷот», «Таърихи ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахаб-ул-ахбор фи табақот-ис-салотин», маснавии «Комде ва Мадан» ва рисолаи «Ашколи хутути исломия» боқӣ мондааст.

Хулоса, рисолаи «Ашколи хутути исломия»-и Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни Кангуртиро дар илми хаттотӣ бешубҳа метавон яке аз намунаҳои барҷаста шуморид.

 

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 26, 2018 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид