Ҷаласаи аввалини вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ

Октябрь 6, 2018 18:10

ДУШАНБЕ, 06.10.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҷаласаи аввалини якҷояи вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи миёна баргузор гардид. Дар ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ширкат намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки 6 октябри соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқ-Кӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи аввалини вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ (Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳо ба хотири пешрафти мардумони давлатҳои Осиёи Марказӣ, азнавсозӣ ва фаъолнокии муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягӣ, ки дар рафти вохӯрии машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ садо доданд, доир карда шуд.

Ҷаласа таҳти раёсати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Кашкар Джунушвалиев доир гардида, дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-полковник Калмуханбет Қосимов ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Пулод Бобоҷонов иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа роҳбарони сарраёсат ва раёсатҳои корҳои дохилӣ ва департаментҳои сарҳадии вилоятҳои вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ: Сарраёсати ВКД вилояти Чуйск, РКД дар вилояти Иссиқ-Кӯл, Таласс, Ош, Ҷалол-обод, Боткен (Қирғизистон); Департаменти корҳои дохилии вилоятҳои Алма-Ато ва Ҷамбули Қазоқистон; РВКД дар вилояти Суғд (Тоҷикистон), РКД дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона (Ӯзбекистон) ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои такмил додани механизми ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳамоҳангсозии мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният дар ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

Ҳамзамон дар рафти ҷаласа масъалаҳои муборизаи якҷоя бо ҷинояткории муташаккилона, муқовимат бо экстремизму терроризм, аз он ҷумла дар шабакаи Интернет ва масоили мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардиданд.

 

Октябрь 6, 2018 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид