Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Октябрь 22, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар рӯзи аввали сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағалро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар деҳоти Ғозиёни ноҳия дар масоҳати 6 гектар замин бунёд ёфта, бо хати муосири истеҳсолӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2016 оғоз ёфта, дар зарфи 2 сол бо дарназардошти талаботу стандартҳои ҷорӣ сохта ба истифода дода шуд.

Хатҳои истеҳсолии асфалт ва регу шағал аз ширкатҳои пешқадами Англия харидорӣ гардида, имконият медиҳанд, ки маҳсулот бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмониву роҳсозӣ истеҳсол гардад.

Тибқи нишондиҳандаҳои техникӣ коргоҳи асфалтбарорӣ дар як соат иқтидори истеҳсоли 60 тонна асфалти гармро дорад. Бо истифода аз ин имконот минбаъд хароҷоти таъмири роҳҳои ҳудуди вилоят коҳиш ёфта, маҳсулоти аълосифати худӣ дар сохтмону таъмири роҳҳо истифода мегардад.

Хати истеҳсолии сангмайдакунӣ бошад, имконият дорад, ки дар як соат то 30 метри мукааб маҳсулотро коркарду барои истифодабарӣ омода намояд.

Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар баробари хати истеҳсолӣ, ҳамчунин бо техникаи муосири роҳсозӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ таъмин гардида, қудрати гузаронидани корҳои роҳсозиро дорад. Аз ҷумла, барои фаъолияти босамари коргоҳ 13 адад автогрейдер, 12 мумпошак, 12 мошини борбардор, 1 адад техникаи асфалтхобкунӣ, компрессор, роҳкӯбаки дастӣ ва дигар техникаву таҷҳизоти зарурӣ харидориву дастрас гардидааст.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ ба корҳои анҷомёфтаи сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки коргоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ба масъулин дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Ба истифода супоридани Корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва регу шағал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 22.10.2018

Октябрь 22, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»