Барои сохтмони НБО «Роғун» маблағҳои иловагӣ ҷудо карда мешаванд

Октябрь 1, 2018 14:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барои сохтмони Неругоҳи барқи обии /НБО/ «Роғун» соли равон маблағҳои  иловагӣ ҷудо карда мешаванд. Ин нуктаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Файзидин Қаҳҳорзода дар ҷараёни ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми  Маҷлиси намояндагон зимни ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли  2018″ баён дошт.

Зикр гардид, ки то охири  соли равон бо мақсади  рушди соҳаи энергетика ва сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони НБО «Роғун» аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ бо асъори хориҷӣ (евробондҳо) 2470,4 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби фурӯши металл ва сангҳои қиматбаҳо 749,2 миллион сомонӣ равона карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки НБО «Роғун» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз иншооти муҳим ва дорои аҳамияти стратегӣ буда, он дар таъмини  рушди устувори иқтисодии мамлакат, хусусан татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ нақши калидӣ мебозад.

То ҷое мусаллам аст, 29  октябри  соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат,   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан  бо идора кардани техникаи вазнин- булдозер маҷрои рӯди Вахшро  бастанд ва ба бунёди сарбанди НБО «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.

Интизор меравад, ки  16 ноябри соли равон  агрегати нахустини ин иншооти бузурги аср-НБО «Роғун» ва моҳи апрели соли 2019 чархаи дуюми он ба кор андохта шаванд.

Октябрь 1, 2018 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид