Боздиди сарвазирони Тоҷикистон ва Қазоқистон аз намоишгоҳи саноати автомобилии Қазоқистон дар Душанбе

Октябрь 12, 2018 09:54

ДУШАНБЕ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев дар доираи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз намоишгоҳи саноати автомобилии Ҷумҳурии Қазоқистон боздид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни нақлиёте, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон истеҳсол карда мешаванд, муаррифӣ шуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев  аснои боздид аз рушди муносиботи дуҷониба ёдовар шуда,  баргузории намоишгоҳи саноати автомобилии Ҷумҳурии Қазоқистонро  барои равнақ ёфтани равобити ҳарду давлат дар соҳаи нақлиёт, саноат ва бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Давоми солҳои охир ҳамкории ширкатҳои бонуфузи ду давлат дар самти омўзиши таҷрибаи якдигар ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани нақлиёте, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон истеҳсол мегарданд, бештар шудааст.  Ҳоло нақлиёти воридшуда аз ин кишвар дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба хизматрасонӣ ҷалб шудаанд.

Рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон аз сиёсати бобарору муваффақонаи сарони ҳарду давлати бо ҳам дўст асос ёфтааст. Равнақ ёфтани ин равобитро ҳамкории мутақобилан судманд ва дигар санадҳои имзошуда таъмин мекунанд.

Ҳамчунин ташкили намоишгоҳ барои пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ барои соҳибкорон ва равнақ додани равобит дар бахшҳои гуногун аз манфиат холӣ нест.

Ҳамзамон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев табодули таҷриба, истифодаи имконоти ҳанӯз истифоданашуда ва дигар тадбирҳои тибқи нақша амалишавандаро омили асосӣ барои таъмини рушди бахши хусусӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт байни  Тоҷикистону Қазоқистон арзёбӣ карданд.

Намоишгоҳи нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон аз тарафи ширкатҳои хусусӣ ва сохторҳои марбутаи ҳарду давлат дар доираи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо мақсади таъмини рушди дучанди равобит дар оянда ба роҳ монда шуд ва ҳамагон тавонистанд бо имконияти истеҳсоливу ҳамкории ширкатҳои тоҷику қазоқ шинос шаванд.

Октябрь 12, 2018 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус