Боздиди сарвазирони Тоҷикистон ва Қазоқистон аз намоишгоҳи саноати автомобилии Қазоқистон дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрўз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев дар доираи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз намоишгоҳи саноати автомобилии Ҷумҳурии Қазоқистон боздид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни нақлиёте, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон истеҳсол карда мешаванд, муаррифӣ шуданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев аснои боздид аз рушди муносиботи дуҷониба ёдовар шуда, баргузории намоишгоҳи саноати автомобилии Ҷумҳурии Қазоқистонро барои равнақ ёфтани равобити ҳарду давлат дар соҳаи нақлиёт, саноат ва бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Давоми солҳои охир ҳамкории ширкатҳои бонуфузи ду давлат дар самти омўзиши таҷрибаи якдигар ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани нақлиёте, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон истеҳсол мегарданд, бештар шудааст. Ҳоло нақлиёти воридшуда аз ин кишвар дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба хизматрасонӣ ҷалб шудаанд.
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон аз сиёсати бобарору муваффақонаи сарони ҳарду давлати бо ҳам дўст асос ёфтааст. Равнақ ёфтани ин равобитро ҳамкории мутақобилан судманд ва дигар санадҳои имзошуда таъмин мекунанд.
Ҳамчунин ташкили намоишгоҳ барои пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ барои соҳибкорон ва равнақ додани равобит дар бахшҳои гуногун аз манфиат холӣ нест.
Ҳамзамон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитжан Сагинтаев табодули таҷриба, истифодаи имконоти ҳанӯз истифоданашуда ва дигар тадбирҳои тибқи нақша амалишавандаро омили асосӣ барои таъмини рушди бахши хусусӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт байни Тоҷикистону Қазоқистон арзёбӣ карданд.
Намоишгоҳи нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Қазоқистон аз тарафи ширкатҳои хусусӣ ва сохторҳои марбутаи ҳарду давлат дар доираи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо мақсади таъмини рушди дучанди равобит дар оянда ба роҳ монда шуд ва ҳамагон тавонистанд бо имконияти истеҳсоливу ҳамкории ширкатҳои тоҷику қазоқ шинос шаванд.













35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






