Дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 06.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи андешидани тадбирҳои амниятӣ, ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хоруғ рӯзи 06-уми октябри соли 2018, тахминан соати 10:30 дақиқа дар дидбонгоҳи кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсат автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами давлатиаш «ТҶ 8808ВВ04» манъ карда шуд.
Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки автомашинаи мазкур ба шаҳрванд Имомназаров Соҳибназар Султонназарович, санаи тавалллудаш 08.03.1993, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Гагарин, хонаи №24 тааллуқ дорад.
Номбурда автомашинаи сиёҳшишаро бидуни иҷозат ва ғайриқонунӣ идора намуда, ҳамзамон ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ итоат накарда, дар баробари ин барои аз ҷои ҳодиса фирор кардан ба кормандони милитсия муқобилият нишон додааст.
Зимни азназаргузаронии автомашинаи шаҳрванд Имомназаров Соҳибназар Султоназарович аз дохили он 1 адад норинҷаки навъи «Ф-1» ва 2 адад корд дарёфт ва мусодира карда шуд.
Нисбати номбурда дар доираи талаботи Кодекси ҷиноятии ҶТ чораҳои қонунӣ андешида мешавад.











Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






