Дар деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави муассисаи таълимии №144 ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 25.10.20018. /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Рӯдакӣ-деҳаи Иттифоқи деҳоти Султонобод иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №144 ба истифода дода шуд.
Дар расми ифтитоҳи бинои нав роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбари гурӯҳи ҳукуматӣ оид ба ҷашни 30-солагӣ- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода иштирок намуда, омӯзгорону хонандагонро бо мактаби замонавӣ табрик намуданд.
Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар қаламрави ноҳия муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замон ба истифода дода мешаванд. Сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба соҳаи маориф, таъмини шароити хуби меҳнатии омӯзгорон ва беҳдошти аҳволи иҷтимоӣ аз он дарак медиҳад, ки эътибори пайвастаи Пешвои миллат ба ин самт хеле назаррас аст. Имконияти мусоид ва дастгириву ғамхориҳо аҳли маорифро муваззаф месозанд, ки рисолати хешро иҷро намоянд, то сатҳи дониши хонандагон ҷавобгӯ ба меъёрҳои замона гардад.
Аз ҷумла, қитъаи замин барои сохтмони муассисаи таълимии №144 дар масоҳати 2 гектар низ тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2012 ҷудо карда шудааст.
Бинои нави муассисаи таълимӣ дуошёна буда, аз 6 синфхона ва 4 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад. Сохтмони бинои нави таълимгоҳ соли 2015 оғоз гардида, он барои 180 ҷои нишаст дар як баст пешбинӣ шудааст. Фармоишгар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия буда, пудратчӣ ҶДММ «Муҳандис-К» мебошад. Барои корҳои сохтмонӣ зиёда аз 1 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Масоҳати таълимгоҳ 2 гектарро ташкил медиҳад.
Таълимгоҳ дорои утоқҳои фаннӣ, синфхонаи алоҳидаи компютерӣ, китобхона ва маҷлисгоҳ мебошад. Ба иттилои масъулин, дар ин муассиса айни ҳол 152 нафар хонандагон таҳсил дошта, ба онҳо 9 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Муассиса хонандагонро аз деҳаҳои Иттифоқ, Баракат ва Баҳор ба таълиму тарбия фаро гирифта, бо системаи гармидиҳӣ пайваст гардидааст.
Тибқи нақша, дар оянда дар назди муассисаи мазкур бунёди бинои таълимии иловагӣ ва толори варзишӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба иттилои муовини раиси ноҳия Раҷаб Ашӯров, дар раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ давоми 9 моҳи соли 2018 дар ҳудуди ноҳия ду бинои нави муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, бинои нави таълимгоҳи №88 дар деҳаи Мингичари деҳоти Лоҳур барои 144 нафар хонанда ва бинои нави муассисаи таълимии №117 дар деҳаи Ҳосилоти деҳоти Чимтеппа барои 120 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд.
Дар ин радиф бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд дар назди муассисаҳои таълимӣ 40 синфхонаи иловагӣ барои 1000 ҷои нишаст дар як баст ба истифода дода шуда, сохтмони зиёда аз 90 синфхонаи дигар идома дорад.
Ҳамзамон масъалаи омӯзиши вазъи воқеии муассисаҳои таълимии ноҳия моҳи январи соли 2018 дар машварати кории назди раиси ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардида, дар натиҷаи таҳлили ҳолати бинову иншооти муассисаҳои таълимӣ маълум гашт, ки 71 муассиса таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Айни замон дар 56 муассисаи таълимии ноҳияи мазкур корҳои таъмиру барқарорсозӣ идома доранд.













МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






