Дар Душанбе ҷаласаи дуюми гурӯҳи машваратии коршиносони маҳаллӣ оид ба пешгирии терроризму эктремизм баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши ходимони дин дар пешгирии ифротгароӣ ва терроризму экстремизм» ҷаласаи дуюми гурӯҳи машваратии коршиносони маҳаллӣ оид ба пешгирии терроризму экстремизм баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҷаласаи мазкур бо ибтикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии ҷустуҷӯи манфиатҳои умумии муқими шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба роҳ монда шуд. Дар он намояндагони Марказ, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, коршиносон ва рӯзноманигорон иштирок намуда, масъалаҳои нақши воқеии ходимони дин дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб, вазъи кунунӣ ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мазкурро муҳокима намуданд.
Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода иброз дошт, ки ҷаласаи имрӯза дар партави Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба роҳ монда шудааст.
Зимнан, он конфронси сатҳи баланд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардида, дар он беш аз 400 нафар иштироккунанда аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ иштироку мубодилаи афкор намуданд.
Зикр шуд, ки дар ҷаласаи қаблӣ масъалаҳои мубрам оид ба пешгирии экстремизму терроризм, ҳамкориву муколамаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, амният, дин ва таҳлилгарону ҷамъияти шаҳрвандӣ баррасӣ гардиданд.
«Мутаассифона, Интернет (шабакаҳои иҷтимоӣ) дар баробари манфиатҳо ҷанбаи манфӣ низ дорад. Он вақтҳои охир ҳамчун як омили ҷалбкунандаи ҷавонон ба ҳаракатҳои гуногуни мамнуъ гардидааст. Мо бояд ба баланд бардоштани донишҳои техникии ходимони дин мусоидат намоем, то ки онҳо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро боз намуда, бо ҷамъият дар муколамаи доимӣ бошанд ва ба воситаи он ба саволҳои шаҳрвандон ҷавоб диҳанд. Ин сабаби саводноккунии динии шаҳрвандон мегардад», — зикр намуд коршиноси тоҷик Саидаҳмад Қаландаров.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаи баланд бардоштани донишҳои муосири ходимони динро муҳим ва ҳамкории минбаъдаи наздики онҳоро бо ҷомеа бо ҳама восита, аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем ки ҷаласаи аввалини гурӯҳи машваратии коршиносони маҳаллӣ моҳи сентябри соли равон доир гардида буд.








Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид






