Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 14 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайҳӣ хабар доданд.
Фестивали мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.
Дар доираи фестивал суҳбату вохӯриҳо бо иштироки ҳунармандони кишвар доир мегардад.
Рӯзҳои 13-14 октябр аз соати 10:00 то 18:00 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиш- фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон ташкил карда мешаванд.
Дар Фестивал зиёда аз 100 нафар ҳунармандон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва як зумра кишварҳои хориҷӣ ширкат менамоянд.
Дар ин рӯзҳо шаҳрвандону меҳмонон ва сайёҳон имкони харидории маҳсули дасти ҳунармандони дохилию хориҷиро доранд.









РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






