Дар Нуробод ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба давраи зимистон баргузор гирдид

Октябрь 26, 2018 20:25

ДУШАНБЕ, 26.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод оид ба омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ ва муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Зикр гардид, ки сатҳи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқи маълумоти оморӣ, то имрӯз зиёда аз 81,6%-ро ташкил мекунад ва ин барои сари вақт омода кардани соҳаҳои хоҷагии халқ нишондиҳандаи асосӣ ба шумор рафта, нақши муҳим мебозад.

Омодагӣ ба давраи зимистони ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Ваҳдат, Турсунзода ва Роғунро муовини Сарвазир хуб баҳогузорӣ намуда бошад ҳам, омодагии баъзе аз иншоот, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, то кунун нигаронкунанда боқӣ мемонанд. Кушода нигоҳ доштани ағбаҳо ва роҳҳои мошингард дар тамоми фасли зимистон аз ҷумлаи онҳо ба ҳисоб меравад. Тибқи таҳлилҳои пешакӣ, дар ҳолати боришоти барфу борони зиёд роҳи таворавии Роғун барои истифода бурдан омода нест.

Бинобар ин Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардонида мешавад, ки дар асоси ҳисобу китоби дақиқ шумораи зарурии техникаи роҳтозакуниро ба ин қитъа сафарбар намуда, ин роҳро тамоми фасли зимистон кушода нигоҳ дорад. Ҳар 10 рӯз вобаста ба ҳолати истифодаи роҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд, зеро ин ягона роҳи пайвасткунандаи ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Лахш ба пойтахти кишварамон мебошад. Илова бар ин молу колои тавассути гузаргоҳи сарҳадии Карамиқи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғистон воридшаванда, ки давоми 9 моҳ зиёда аз 10 ҳазор мошинро ташкил медиҳад, бо ин роҳ кашонида мешаванд.

Баъд аз шунидани ҳисоботи муовинони масъули шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муовини Сарвазир дар маҷмӯъ омодагӣ ба давраи зимистони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро ғайри қаноатбахш баҳогузорӣ намуд. Супориш дода шуд, ки ҳоло масъулин барои ислоҳ кардани камбудиҳо якчанд рӯзи дигар доранд, аз ин рӯ вазифадор карда мешаванд, ки ҳарчи зудтар камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф созанд.

Муовини Сарвазир ба масъулини шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҳолати кунунии омодагии бахши хусусӣ, алалхусус мавзеъҳои нигоҳдории чорво ва захираи хошоки дурушту ширадорро омӯхта, ҷиҳати беҳтар кардани вазъ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур  намоянд.

Ба ҳамоҳангсози масъалаҳои зимистонгузаронӣ — Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки меъёри ягонаи омодасозии шаҳру ноҳияҳоро вобаста ба ҷойгиршавии онҳо дар сатҳи баҳр, мавқеи ҷуғрофӣ, шумораи аҳолӣ ва дигар нишондиҳандаҳои иқтисодӣ барои омодагӣ ба давраи зимистон таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои асоснок ирсол намояд.

Октябрь 26, 2018 20:25

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд