Дар Парлумони Тоҷикистон ҷараёни иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли равон баррасӣ шуд

Октябрь 26, 2018 15:05

ДУШАНБЕ, 26.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» дар  муҳокимаи парлумонӣ, ки имрӯз тахти раёсати муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон Абуҷаббор Азизӣ бо ҳузури роҳбарони вазорату идораҳои марбута доир гарид,  баррасӣ шуд 

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода изҳор дошт, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки барои баланд бардоштани     самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ва тақсимоту   истифодаи мақсадноки онҳо зарурати тақвияти корҳо дар самти таҳияву татбиқи буҷет дар асоси барномаҳои тарҳрезишуда пеш меояд. Дар ин раванд бояд ба усулҳои муосири арзёбии      стратегияву барномаҳои қабулгардидаи рушд эътибори ҷиддӣ дода, маблағгузории барномавӣ минбаъд аз рӯи натиҷа ва  самаранокии он татбиқ карда шавад».

Зикр гардид, ки ҳадафи асосии сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани афзалиятҳои муҳими стратегияи рушди миллӣ, таъмини рушди босуботи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, суръат бахшидан ба ислоҳот дар бахшҳои идоракунии самараноки молияи давлатӣ, таъмини устувории бозори молиявӣ барои нигоҳ доштани сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳо, инчунин дар сатҳи муайян амалӣ гардонидани Стратегияи идоракунии қарзҳои давлатӣ мебошад.

Доир ба масъалаи зикршуда роҳбарону намояндагони идораҳои дахлдор  гузориш доданд. Инчунин атрофи иҷрои Буҷети давлатӣ барои соли равон байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули вазорату идораҳои марбутаи мамлакат  музокираҳои судманд сурат гирифтанд.

Октябрь 26, 2018 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид