Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ҷашни 30-солагии истиқлолият қариб 18 900 иншооти нав бунёд мегарданд

Октябрь 15, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар давоми се соли оянда, яъне то ҷашни 30-солагии истиқлолият илова ба 378 иншооте, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои бо қарори Ҳукумат тасдиқгардида сохта мешаванд, қариб 18 900 иншооти нав бунёд мегарданд.

Аз ин шумора ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 400, вилоятҳои Суғд 6000, Хатлон 5000, шаҳри Душанбе 3530 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 3422 иншоот рост меояд. Дар ин бора имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» изҳори андеша намуданд.

Бунёди чунин шумораи бузурги иншооту биноҳои навро Пешвои миллат майдони озмоиши нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва кӯшишу ғайрати соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони олиҳиммат номида, зикр карданд, ки дар натиҷаи он  ҷумҳурии азизамон ободу зебо шуда, бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ ҳалли худро меёбанд.

 

Октябрь 15, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд