Дар Тошканд ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ оғоз гардид

Октябрь 12, 2018 09:55

ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи  кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид. Дар  ҷаласаи мазкур  Тоҷикистонро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал –полковник  Шералӣ Мирзо   намояндагӣ дорад. 

Имрӯз  сарони ҳайати сохторҳои  мудофиавии  кишварҳои ИДМ-ро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳузур пазируфт.

Шавкат Мирзиёев   ташрифи   сарони  ҳайати  Шӯрои вазирони мудофиаи  кишварҳои узви ИДМ-ро  ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон   хайрамақдам гуфта,  зикр кард, ки «дар ҳақиқат  ИДМ – ин  ҳамон майдонест,  ки   барои мо  аз ҳарвақта дида  заруртар аст.  Ӯзбекистон   солҳои тулонӣ дар ҳайати  ИДМ  ширкат  дорад, аммо  чунин  ҳамкории  мутақобилан судманд, ки  имрӯз ба назар мерасад,  аз ин пеш  дида намешуд».

Пеш аз мулоқот вазирони мудофиаи  кишварҳои узви ИДМ ба пояи муҷассамаи  «Модари мотамдор», ки ба хотираи 400 ҳазор нафар  сарбозони  дар  Ҷанги дуюми ҷаҳон қурбонгаштаи Ӯзбекистон бунёд шудааст,  гулчанбар гузоштанд.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи  кишварҳои узви ИДМ  бори аввал аст, ки дар Тошканд мегузарад  ва раисии онро  Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу ба уҳда дорад. Ба  лоиҳаи Рӯзномаи ҷаласа  20 масъала ворид карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки   дар ҷаласаи мазкур,  аз ҷумла,  баррасии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазифаҳои афзалиятноки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, самтҳои рушди ҳамкории ҳарбӣ байни давлатҳои ИДМ, дурнамои системаи муттаҳидаи назорати вазъияти радиологӣ, кимиёвӣ ва биологӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре  Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад,  ҳамчунин дар мулоқоти мазкур масъалаҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини парвозҳои  ҳавопаймоии қувваҳои мусаллаҳи  кишварҳои ИДМ, татбиқи Консепсияи рушди системаи ягонаи давлатии шинохти радиолокатсионӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти низомӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштарак бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон баррасӣ хоҳанд шуд.

Аъзои Шӯро ният доранд, ки нақшаи кории шӯроро  барои соли 2019 қабул намоянд, ҳуҷҷатҳоро  оид ба системаи алоқаи муштараки қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои ИДМ, таъминоти иттилоотӣ оид ба фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ дар давраи то соли 2022, ҳамкорӣ дар самти баҳрнавардӣ, геотехникӣ, геодезия, метрология ба имзо расонанд, чораҳои муштараки системаи муштараки ҳавоӣ дар кишварҳои ИДМ барои соли 2019-ро тасдиқ намоянд ва инчунин як зумра масъалаҳои дигарро дида бароянд.

Октябрь 12, 2018 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд