Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд
ДУШАНБЕ, 10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бо медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё ба пойтахти кишварамон –шаҳри Душанбе баргашт. Ҳазорон нафар мухлисон ба ҳавои номусоиди боронӣ нигоҳ накарда, ба пешвози қаҳрамонҳо омада буданд. Садои карнаю сурнай ба фалак печид.
Президенти Федератсияи футболи мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дастоварди футболбозони навраси тоҷик ба ӯ мансубияти бештар дорад, дар толори нави пешвозгирии фурудгоҳ футболбозонро истиқбол гирифт.
Сипас дар саҳни фурдгоҳ дар назди ҳазорон нафар мухлисон, ки бо нидоҳои “офарин-офарин” футболбозонро пешвоз гирифтанд, Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ суханронӣ карда, бори дигар футболбозонро бо медалҳои нуқра ва роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон -2019, ки дар Перу мегузарад, табрику муборакбод намуд.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов барои муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати омода кардани футболбозон ба бозиҳои Чемпионати Осиё ба роҳбарияти футболи кишвар изҳори минатдорӣ кард.
Капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эмомалӣ Аҳмадхон низ дар назди ҳозирин сухан карда, ваъда дод, ки минбаъд баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфузи футболи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва хосатан соли оянда дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон- дар Перу тамоми қувваю маҳоратро сарф менамоянд.
Маросими истиқболи футболбозон дар фурудгоҳ бо иҷрои суруди миллӣ ба поён расид ва футболбозон дар мусофиркаши махсуси орододашуда, ки шояд ягона дар Тоҷикистон бошад, бо меҳмонону иштирокдорони маросими истиқбол рӯ ба майдони Дӯстӣ оварданд.
Дар майдони Дӯстӣ футболбозони наврас дар ҳузури мухлисон ба пояи ҳайкали Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Ҳоло барандагони медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё бо мухлисону меҳмонон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе қарор доранд. Дар идомаи чорабиниҳо онҳоро консерти идона бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар ва тамошобинони сершумор интизоранд.






































Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






