ЭҲТИЁТ-МАВСИМИ ЗУКОМ! Дар ҳолати бепарвоӣ он метавонад чандин бемориҳои дигарро ба вуҷуд биёрад

Октябрь 19, 2018 15:43

ДУШАНБЕ, 19.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бемории зуком ва бемории шадиди роҳҳои нафас имсол нисбат ба соли гузашта зиёдтар  ба қайд гирифта шудааст. Ин нуктаро зимни суҳбат мудири шуъбаи назорати давлатии эпидемиологии Сарраёсати назорати  давлатии санитарию эпидемиологии   Хадамоти назорати  тандурустии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Аҳмадбекова ба мухбири АМИТ «Ховар» баён дошт.

Бояд зикр намуд, ки ҳар сол  баробари фаро расидани фасли сармо шумораи гирифторони  бемориҳои шадиди роҳҳои нафас,  аз ҷумла бемории зуком  зиёд мешавад.  Дар вақти якбора иваз шудани боду  ҳаво   масунияти бадани одам паст гардида, шахс гирифтори вирусҳои гуногун мегардад.

Зуком ин  бемории шадиди сироятӣ буда, он тавассути роҳи нафас мегузарад ва  ба қобилияти муҳофизатӣ, муқовимати бадан, омилҳои хӯрок, муҳит, тарзи ҳаёт ва нигоҳубин вобастагии зич дорад. Бемории шадиди роҳҳои нафас мавсимӣ буда, он ҳангоме, ки   организми одам ба сардӣ пурра мутобиқ  нашудааст, инчунин  ба  нафароне, ки масунияти паст доранд, яъне  бештар кӯдакон ё шахсони калонсол зарари худро мерасонад.

Тавре Сабоҳат Аҳмадбекова иброз дошт, ҳар сол шурӯъ аз аввали моҳи тирамоҳ  мавсими зуком оғоз ёфта, то моҳи апрел идома меёбад. Дар ин муддат сабабҳои зиёду кам гаштани он ба қайд гирифта мешаванд.

Гуфта шуд, ки имсол дар ҷумҳурӣ 239 ҳолати    бемории зуком ба қайд  гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ин давра бемории шадиди роҳҳои нафас нисбат ба 9 моҳи соли гузашта 3,4 фоиз     зиёдтар   ба қайд гирифта шудааст.

Мавсуф гуфт, ки «то  оғози мавсим, яъне то имрӯз 5 ҳодисаи  паҳншавии  зуком  ба қайд гирифта шудааст.  Дар баробари ин тибқи маълумоти фаврӣ, ҳар ҳафта дигар бемориҳои шадиди роҳҳои нафас низ дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта мешаванд»,- зикр намуд С.Аҳмадбекова.

Ба гуфти табиб, дар якчанд муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе  ташхисгоҳи вирусологӣ фаъол буда,  ташхиси бемории зуком он ҷо гузаронида мешавад.   Ба ин восита    муайян карда мешавад, ки дар ҷумҳурӣ кадом намуди вирусҳо гардиш ва бартарӣ  доранд.

Ба гуфтаи мутахассис, аҳолӣ одатан зукомро шамолкашии одӣ ҳисобида, ба он чандон аҳамият намедиҳанд, вале дар асл он   касалии сироятии вирусӣ буда, дар сурати бепарвоӣ зоҳир  намудан ва сари вақт аз паси табобат нашудан метавонад чандин бемории дигарро ба вуҷуд биёрад.   Тавсияи пешгирикунанда аз зуком – ин,  пеш аз ҳама, риояи  реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва  муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард кард.

Тавсияи дигар — баланд бардоштани масунияти одам ва обутоби бадан аст.  Истеъмоли хӯроки серғизои  аз витаминҳо бой ва  афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш кард.  Қоидаҳои  беҳдоштӣ, яъне шустани даст,  худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя кард.  Шустани дастон бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90 фоизи  микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд. Ҳангоми ба зуком мубтало шудан  бояд  пеш аз ҳама, бо  мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат кард. Ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол кард,-мегӯяд мутахассиси тиб.

Инчунин ҳамсуҳбати мо илова намуд, ки  «нишонаҳои  зуком дар се рӯз равшан мешаванд.  Ҳангоми  бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар мегузарад ва метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад. Бемор  беҳтараш бистарӣ гашта,  духтурро ба хона даъват кунад,  то худ омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат эҳтимолияти паҳн шудани сироят аз байн бурда мешавад».

Бояд зикр намуд, ки вирусҳо на танҳо сабаби гирифтор шудани одамон ба зуком  мегарданд, балки чандин бемориҳои дигарро низ ба вуҷуд оварда метавонанд.  Аз ин рӯ ҳар яки моро мебояд, ки дар вақти сармо худ ва наздиконамонро эҳтиёт намоем ва сари вақт ба табибон муроҷиат карда,   тавсияҳои онҳоро  риоя намоем.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2018 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид