FAO барои ислоҳоти институтсионалии сохтории Вазорати кишварзии Тоҷикистон 5 миллион евро ҷудо менамояд

Октябрь 2, 2018 08:45

ДУШАНБЕ, 02.10.2018/АМИТ Т «Ховар»/.  Созмони  озуқаворӣ ва кишоварзии  /FAO/  Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ҷиҳати  амалӣ намудани лоиҳаи  «Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти  назорати давлатии байторӣ ҷиҳати  таҳия намудани сиёсат» дар Тоҷикистон 5 миллион евро ҷудо менамояд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзияи САИД иттилоъ медиҳад, ки дар ин росто 1 октябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ оид ба амалӣ намудани  лоиҳаи «Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти  назорати давлатии байторӣ ҷиҳати  таҳия намудани сиёсат»-ро баъди баррасӣ ба тасвиб расониданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Сатторӣ, ки масъалаи  мазкурро дар Парлумон шарҳ дод, гуфт, ки  ҳадафи татбиқи лоиҳаи мазкур ба гузаронидани ислоҳоти институтсионалии сохтору воҳидҳои Вазорати кишварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус рушди хадамоти ветеринарӣ ва амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст.

Интизор меравад, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур  дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва нақлиёт дастрас гардида, ҳамзамон  барои мутахассисони соҳа курсҳои такмили ихтисос ва омӯзиши забони англисӣ  ба роҳ монда мешаванд.

Лоиҳаи мазкур  дар зарфи панҷ сол татбиқ гардида, он дар самти   дастгирии Барномаи  ислоҳоти бахши кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2012-2020 қадами муассирест.

 

Октябрь 2, 2018 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид