ФУТБОЛБОЗОНАМОНРО ЯКҶОЯ МУХЛИСӢ МЕКУНЕМ! Федератсияи футболи Тоҷикистон тамошои бозии финалии мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Японияро дар экрани калон ташкил менамояд
ДУШАНБЕ, 06.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон тамошои бозии финалии чемпионати Осиё-2018 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Японияро барои мухлисон ба таври ройгон ташкил мекунад.
Бозии мазкур 7 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили пойтахти Малайзия — шаҳри Куала-Лумпур доир мегардад. Ин бозӣ соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 17:45 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷараёни бозии футбол тавассути экрани калон дар Майдони «800-солагии Москва» – назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мустақиман пахш карда мешавад. Марҳамат ба тамошои футбол!
Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи мухлисонро барои дастгирии мунтахаби наврасони кишвар даъват менамояд.
P.S. Ба мунтахаби наврасони кишвар дар чемпионати Осиё бурд таманно дорем!
Мусобиқаи Осиё-2018 миёни наврасон (U-16). Финал
7 октябр (якшанбе)
Оғоз – соати 17:45 ба вақти Душанбе
Япония – Тоҷикистон
Куала-Лумпур, Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил.









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






