Ифтитоҳи бинои Нозироти андози шаҳри Бӯстон

Октябрь 23, 2018 10:41

ДУШАНБЕ, 23.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андозро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 16 500 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои наву замонавии Нозироти андоз дар шаҳри Бӯстон аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Он дорои шаш ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва бахши баҳисобгирии андозҳо ва хазинаи “Амонатбонк” мебошад.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри соли 2017 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ оғоз гардида, моҳи октябри соли 2018 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои миллию ҷаҳонӣ ба истифода дода шудааст.

Дар бино як терминали электронӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ васл карда шудааст, ки барои хизматрасонии босифат ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мусоид аст.

Дар ошёнаи дуюми бино ҳуҷраҳои маъмурӣ, толори мачлисгоҳ, дар ошёнаи сеюм толорҳои конфронс, такмили ихтисос ва варзиш мавҷуд мебошанд. Дар таҳхонаи бино ошхона ва бойгонӣ ҷойгир шудааст.

Бинои нави Нозироти андози шаҳри Бӯстон бо таҷҳизоти низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Сарвари давлат ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои омодагии сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти нав ба кормандони Нозироти андоз барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон хизмат расонидан ва ғанӣ гардонидани буҷети кишвар дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ифтитоҳи бинои Нозироти андози шаҳри Бӯстон 23.10.2018

Октябрь 23, 2018 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд