Ифтитоҳи Гимназияи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Гимназияи рақами 1-и ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудии шаҳрро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ин муассисаи таълимӣ барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он барои муҳассилин шароити беҳтарину арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосиру синфхонаҳои барҳаво, ки дар ин муассисаи таълимӣ муҳайё мебошад, шинос шуда, бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Гимназия аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 68 синфхона, аз ҷумла 30 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои физикаю биологияи муҷаҳҳаз бо навтарин аёнияти таълимӣ, синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ, утоқҳои корӣ, хонаи муаллимон ва дигар шароити кориву таълимии муосир мебошад. Дар таҳхонаи Гимназия 13 синфхона, 1 анбор ва 5 ҳуҷраи техникӣ мавҷуд аст.
Ҳамзамон дар ин боргоҳи илму маърифат дар баробари аз худ кардани илмҳои муосир ҷиҳати соҳибкасб намудани хонандагон синфхонаи ҳунаромӯзӣ таъсис дода шудааст. Дар ин синфхона муҳассилин бо истифода аз шароити муҳайёшуда ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ ва дӯзандагиро аз худ менамоянд.
Муассисаи таълимии мазкур ҳамчунин дорои ошхона барои 120 нафар, маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст, китобхона дорои 15 ҳазор китоби дарсӣ ва 5 ҳазор китоби бадеӣ мебошад.
Акнун бо бунёди ин муассисаи таълимӣ 70 нафар омӯзгор ва 10 нафар корманди техникӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Гимназия аз рӯи равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ фаъолият карда, дар он ба омӯзиши фанҳои забону адабиёт, забонҳои русию англисӣ ва таъриху ҳуқуқ диққати махсус дода мешавад.
Дар ниҳояти боздид аз гимназия бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муассисаи таълимӣ ба номи Раҳим Ҷалил гузошта шуд.
Аз ин иқдоми созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон устодону хонандагон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба соҳаи мактабу маориф кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то насли наврасро дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ба камол расонанд.
Баъди ифтитоҳи гимназия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони соҳаи маорифи вилояти Суғд мулоқот анҷом дода, оид ба дастовардҳои ин бахши ҳаётан муҳими ҷомеа ибрози андеша карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқобод дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти корхонаи маҳсулоти алюминии ҶДММ «Алюминийи аввалин» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 6 кӯдакистони хусусиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаҳои Истиқлол»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро тариқи фосилавӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Регари шаҳри Турсунзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Алюмин Проф» оғоз бахшиданд






