Изҳороти Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик дар Пекин: «Тоҷикистон Ватани мост ва танҳо мо худамон онро месозем!»

Октябрь 25, 2018 09:37

ДУШАНБЕ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба идораи АМИТ «Ховар» аз номи Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик дар Пекин изҳорот дастрас гардид, ки дар он омадааст:

«23 октябри соли 2018 донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои гуногуни шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд, созмони худро бо номи  Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик дар Пекин таъсис доданд. Ҳадаф аз таъсиси Ҷамъияти мазкур муттаҳид сохтани тамоми тоҷикистониён дар шаҳри Пекин ва дигар шаҳрҳои Чин, хабардор будан аз ҳоли якдигар, кумак ва дастгирии ҳамватанон дар таҳсил ва фаъолият, ташкил намудани маҳфилу нишастҳо ба муносибати ҷашнҳои миллии тоҷикон, муаррифии имкониятҳои инвеститсонӣ ва сайёҳӣ, таблиғи фарҳанги куҳани таърихӣ ва симои мусбати Тоҷикистон дар Чин ва арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ҷамъияти донишҷӯёни тоҷик дар Пекин бо намояндагӣ аз номи як гурӯҳи тоҷикистониён дар Чин эълом медорад, ки мо роҳи пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа дастгирӣ ва тарафдорӣ менамоем. Ҳар як нафаре, ки ақли солим ва чашми бино дорад, медонад ва мебинад, ки ин марди шуҷоъ бар ивази ҷонбозиҳо чи хизматҳое баҳри осудагӣ ва пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон кардааст. Ин ҷавонмарди ҷонфидо ватани азизи моро дар солҳои 90-и асри гузашта аз гирдбоди фано ва вартаи ҳалокат наҷот дода, мардуми кишварро аз ғарибӣ, парокандагӣ ва хориву зиллат берун оварда, муттаҳид кард. Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки дар як муддати хеле кӯтоҳ дар натиҷаи пеш гирифтани сиёсати созандаи дохилӣ ва хориҷӣ аз тарафи ин сиёсатмадори бузург, Тоҷикистони азизи мо ба як кишвари обод, шукуфон ва зебо табдил ёфта, тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба ҳамдигар пайваст шуданд ва сокинони мамлакат имрӯз дар як фазои орому осоишта зиндагӣ мекунанд. Дар ояндаи наздик дар натиҷаи амалӣ гаштани лоиҳаҳои стратегии бузург ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба кишвари агросаноатӣ табдил хоҳад ёфт.

Ҳамзамон мо кӯшишҳои гурӯҳҳои хурд-хурди ба ном сиёсатмадорон, шаҳрвандони гумроҳ ва сарварони ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористии зархаридро, ки барои ноором кардани ҷомеаи мо ва тахрибкорӣ кӯшиш мекунанд, қатъиян маҳкум менамоем. Муҳаррики ин ҳизбу ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро на мардуми шарифи Тоҷикистон, балки кишварҳое мебошанд, ки оромиву ободии кишвари демократӣ ва дунявии моро чашми дидан надоранд. Мардум аллакай чӣ будани даҳшати ҷанг, оқибатҳои харобиовари онро дидаанд ва дигар ҳаргиз ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ иҷозат намедиҳанд.

Мо – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки имрӯз бо нияту дили соф дар кишваре дур аз Ватан таҳсил мекунем, як ҳадаф дорем, ки баъди хатми таҳсил ба Тоҷикистон баргардем ва донишҳои андӯхтаи худро баҳри пешрафт ва тараққиёти Ватани азизамон истифода намоем.

Мо боварии комил дорем, ки баъди як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азизи мо ба як кишвари боз ҳам ободу муқтадир табдил меёбад. Тоҷикистон Ватани мост ва танҳо мо худамон онро месозем!».

Октябрь 25, 2018 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад