Маросими истиқболи расмии Президенти Тоҷикистон дар Дафтари Сарвазири Япония
ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябри соли 2018 маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Дафтари Сарвазири Япония баргузор шуд.
Ба хотири истиқболи расмии меҳмони олиқадр- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони пазироӣ бо парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар оро ёфта, горд ва оркести фахрӣ саф ороста буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.
Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дод. Сипас сарони давлатҳо аз назди сарбозон гузашта, ба парчами давлатии кишвари мизбон эҳтиром ба ҷо оварданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Япония шинос шуданд.
Баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






