Маросими савгандёдкунии Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ

Октябрь 25, 2018 12:43

ДУШАНБЕ, 25.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. ТВ «Бадахшон» ва шабакаи интернетии «Youtube» дар бораи эълон намудани огоҳии расмӣ ба саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ки дар назди қонун сар фуруд оварда ва аз аъмоли ҷиноятии худ изҳори пушаймонӣ карда, аз он даст кашидаанд, дар таърихи 22.10.2018 с. барномаҳои махсус намоиш дода буданд.

Бояд зикр кард, дар натиҷаи фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ ба ҳолати то 22-юми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Аёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров  Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович ва сокинони алоҳидаи шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда мусодира карда шуд.

Мутобиқи моддаи 14-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба мақомотҳои мазкур ҳуқуқ ва ваколат дода шудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллӣ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, шахсони воқеъиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд.

22-юми октябри соли равон аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят мутобиқи қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозоровичро ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, дар алоҳидагӣ нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон карда шуд. Нисбати ҳар яки онҳо Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд, ки он ҳамчун санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ эътироф мегардад. Номбурдагон ба Протоколи огоҳии расмӣ шахсан имзо гузоштанд.

Аз онҳо қотеъона талаб карда шуд, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Махсусан минбаъд ба содир намудани ҷиноятҳои зерин роҳ надиҳанд:

— ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ;

— даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ;

— қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— таҳқири намояндаи ҳокимият;

— авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа;

— гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша (сходка);

— роҳ надодан ба содир кардани  ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа.

Ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мафҳуми ҷиноятҳои моддаҳои зерини Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дохил мешаванд, пурра маънидод карда шуд:

— 187- Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

— 182- Ғасби бино, иншоот, воситаҳои иттилоот ва алоқа;

— 188- Бетартибиҳои оммавӣ;

— 189- Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ;

— 195- Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш;

— 200- Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан;

— 201- Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ;

— 237- Авбошӣ;

— 255- Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— 330-Таҳқири намояндаи ҳокимият.

Саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ як-як ӯҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботҳои дар огоҳии расмӣ зикршуда ва содир намудани кирдорҳои дар боло баёнгардида  омодаанд, дар назди қонун бо тамоми қотеъият ҷавоб диҳанд.

Тибқи ин иттилоот, дар қатори саркардаҳои ГМҶ-и шаҳри Хоруғ аз ҷониби Прокуратураи ВМКБ ҶТ нисбат ба Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, санаи таваллудаш 05-уми июни соли 1972, зодаи шаҳри Хоруғ, сокини кӯчаи Ҷомӣ 16, хонаи 12-и шаҳри Хоруғ, бекор, саркардаи ГМҶ-и ш.Хоруғ, низ огоҳии расмӣ эълон шудааст, ки Протоколи номбурда барои хонандагон замима мегардад.

Октябрь 25, 2018 12:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд
Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлу саҳми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими суботи минтақавӣ баланд арзёбӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор шуд
Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар вохӯрӣ баргузор гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти амният тақвият медиҳанд
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд