«МО ЗИ ФАЛАК БУДАЕМ, ЁРИ МАЛАК БУДАЕМ…». Шоми имрӯз дар Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғати Садриддин Айнии шаҳри Душанбе Ҷашни Фалак доир мегардад

Октябрь 10, 2018 16:17

ДУШАНБЕ, 10.10.2018 /АМИТ «ХОВАР»/. Имрӯз Тоҷикистон Рӯзи Фалакро ҷашн мегирад. Шоми имрӯз дар Амфитеатри Боғи фарҳангу фароғати Садриддин Айнӣ Ҷашни Фалак барпо мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  10 сол муқаддам, зимни  табрикоташон  ба муносибати  ҳамасола дар мамлакат  Рӯзи Фалак  эълон  гардидани  10 октябр таъкид намуданд: «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумла  беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳақ мусиқии шаклан озод, таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем».

Бояд зикр кард, ки    пас аз  ин  фармони  Президенти мамлакат  ҳамасола  Рӯзи Фалак  дар сатҳи баланд   таҷлил  мегардад.  Дар ин давра  чандин симпозиуми байналмилалии фалак доир гардида,  пажӯҳиши ин жанри мусиқии суннатии тоҷик  натиҷаҳои назаррас ба даст овард.    Силсилаи мақолаҳо ва китобҳои муҳаққиқону мутахассисон ба табъ расиданд. Китобҳои «Фалак»-и Қурбони Қурбониён, «Фалак ва масъалаҳои таърихӣ – назариявии мусиқии тоҷик» (мураттиб Фароғат Азизӣ), «Мақом  ва Фалак»-и Фароғат Азизӣ (бо забони русӣ), «Рози дил»-и Умари Темур, «Санъати мусиқии Кӯлоб»-и Раҳмони Раҳим, «Фалак»-и Давлатманди Хол, «Санъати мусиқии Помир»-и  Низом Нурҷонов ва Баҳринисо Қобилова (бо забони русӣ) ва «Гулзори Фалак» аз ҷумлаи онҳост.

Дар ин робита доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомӣ иброз дошт, ки  мусиқии фалак, нолаҳои нозуку пурадои он ба самъи мо нидоеро аз дили пурҳарорати аҷдодонамон мерасонанд ва бо ҳамин сурат бори дигар пайвандии маънавии аҷдоду авлоди тоҷиконро устувор месозанд. Охир, ба ёд оред васияти Мавлонои бузургро, ки гуфта буданд: «Мо зи фалак будаем, ёри малак будаем…»

«Мутахассисони ҷаҳонӣ кайҳост, ки ба таҳқиқи фалакхонӣ шуғл пайдо кардаанд ва дар байни онҳо махсусан номи олими франсуз Ҷон Дюрингро бояд ба хотир овард. Ӯ солҳои 90 — уми  қарни гузашта борҳо ба Тоҷикистон омада, барои кашфи ҳунари волои Гулчеҳра Содиқова саҳмгузор  гардида буд. Воқеан, бояд иқрор шуд, ки дар мамлакати мо ин олиҳаи хоксори саҳнаи мусиқӣ яке аз бузургтарин сарояндагони фалаки асил ба шумор меравад. Одина Ҳошим, Давлатманди Хол, Файзалӣ Ҳасанов, Маҳмадсафар Муродов дар байни мардон аз моҳиртарин иҷрокунандагони муосири жанри фалак ҳастанд, ки шуҳрати ин навоҳои қадимии тоҷикиро ба оламиён маълум карданд», — афзуд Аслиддин Низомӣ.

  Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 10, 2018 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон