«МО ЗИДДИ ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ!». Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамаро ба аксияи бемуҳлат даъват мекунад

Октябрь 3, 2018 08:01

ДУШАНБЕ, 03.10.2018./АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр мардуми тамоми ҷаҳон Рӯзи Ҷалолиддини Балхии Румиро таҷлил намуданд. Рӯзи мавлуди яке аз намояндагони бузурги миллати мо, ки ном, зиндагинома ва осораш барои мо бояд муҷиби ифтихор бошад. Мутаассифона, дар ин рӯзҳо  ба ҷои гиромидошти ин абармарди илму маърифати чандинҳазорсолаи мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳе аз мутаассибон ва ифротгароёни чаласавод эҷодиёти Мавлоно мавриди муҳокимаи бемавқеъ ва  арзёбии  муғризонаву  носаҳеҳ ва ғайриилмиву ғайриадабӣ қарор гирифтааст…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми сентябри соли 2007 зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана ба муносибати 16-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 800-умин солгарди зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чунин иброз намуда буданд:

«Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо — тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохтааст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд».

Аслан  Рӯзи Ҷалолиддини Балхии Румӣ як баҳонае барои боз ҳам бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳ ба эъҷодиёти ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ буда, Мавлоно воқеан ҳам кайҳо марзи давлатҳову фарҳангҳо ва адабиёту шеъри тоҷикии форсиро убур кардааст ва ба як нобиғаи фаромиллӣ табдил ёфтааст. Ашъори ӯро имрӯз дар ҳар гӯшаи ҷаҳон, шурӯъ аз давлатҳои форсизабон то Амрикову Аврупо мехонанду аз он панд меомӯзанд. «Маснавӣ»-и ӯ аз серхонандатарин асарҳо дар тамоми ҷаҳон аст. Нуфузу эътибори ӯ ба ҳаддест, ки имрӯз давлатҳои зиёд кӯшиш доранд Мавлоноро шоири худ муаррифӣ кунанд. Манзалати шеъри Мавлавӣ ба ҳаддест, ки Абдураҳмони Ҷомӣ  «Маснавии маънавӣ»-и ӯро ҳатто бо «Қуръон» қиёс мекунанд:

«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ

Ҳаст «Қуръон» дар забони паҳлавӣ.

Имрӯз дигарон аз пайвандӣ бо Мавлоно ифтихор кардаву ашъорашро бо забони худ тарҷума ва китобҳояшро бо миллионҳо нусха нашр менамоянд. Аммо, мутаассифона,  чанде аз мутаассибону хурофотпарастони тундгаро худро тоҷик муаарифӣ намуда, сӯйи ин нобиға, ки ашъорашро бо забони ноби тоҷикӣ эъҷод намудааст, санги маломат мепартоянд ва кӯшиш доранд ӯро бадном намоянд.

Рафтору гуфтор ва андешаи ин тоифа одамон кирдору пиндори «устодон»-и онҳоро ба хотир меорад, ки оғози қарни гузашта миллату давлати тоҷиконро сӯйи торикиву нобудӣ тела медоданд. Ғоратгару ҷинояткорон зери пардаи қозиву мулло мардуми бечораро талаву тороҷ мекарданд ва аз илму маърифат ва пешрафт дур нигоҳ медоштанд. Ба ҳар нафаре, ки аз қолаби танги онҳо фаррохтар андеша меронд ва сӯйи рӯшаноӣ равон мешуд, тамғаи «кофир» мезаданд ва нобуд месохтанд. Танҳо ба хотири талош барои зиндагии беҳтар ва муосир таассубгарону хурофотпарастони мазҳабӣ дар симои муллоҳою қозиёни дорои тафаккури асримиёнагӣ дар води Рашт муаалимаҳоро ба қатл маҳкум намуданд. Барои онҳо, ки аз илму дониш фарсахҳо дур буданд, тақдири олими итолиёвӣ Галилео Галилей ҳатто дарси ибрат нашуд. Ин олимро танҳо ба хотири он ки кашфиёти илмӣ карду дар атрофи офтоб давр задани заминро собит намуд, зинда ба зинда сӯзониданд. Пас  аз чанд сол, вақте ин кашфиёти Галилей исботи худро пайдо кард, ягон ходими динӣ барои ин ҷинояти гӯшношунид узр нахост, тавре, ки ягон «мулло» барои қатли муаллимаҳои раштӣ  аз халқи тоҷик узр напурсид.

Имрӯз «шогирдон»-и ҳамон мутаассибон ба Ҷалолиддини Балхӣ дарафтодаанд. Ӯро бедину бадахлоқ гуфта, даъво доранд, то «Маснавии маънавӣ» «Қуръон дар забони паҳлавӣ» шуморида нашавад, ки инро миллати тоҷик аслан таҳаммул нахоҳад кард.

Аз ин сабаб, барои мубориза бо ин гурӯҳ ифротгароёну мутаассибон ва решакан намудани хурофоту таассуб дар ҷомеа, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» аксияи бемуҳлати умумимиллии «МО – ЗИДДИ ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ!»-ро элон менамояд.

Аксияи «МО – ЗИДДИ ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ», яъне:

Мо муқобили хурофоту бегонапарастием!

Мо муқобили ифротгароиву  таассубем!

Мо муқобили экстремизм ва терроризмем!

Мо муқобили бозгашт ба «асри сангин»-ем!

Мо  — ҷонибдори  Исломи ноб ва арзишҳои муқаддаси он!

Мо ҳомиёни  таъриху фарҳанги миллӣ ҳастем!

Мо аз арзишҳои  волои миллӣ пайравӣ мекунем!

Мо  ҷонибдори Тоҷикистони пешрафтаву шукуфон мебошем!

Ва аз Шумо, хонандагони муҳтарам, сокинони азизи Ватани маҳбубамон низ даъват мекунем, ки бо мо бошед ва ба ин аксия бипайвандед.

Дар доираи ин аксия Шумо метавонед хабару гузоришҳо, аксу санадҳо, андешаву мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худро ба мо  фиристед ва саҳми худро барои решакан намудани таассуб ва ифротгароӣ  дар ҷомеа гузоред.

Нишонии мо: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40. Тел.: +992(37) 227-35-52, 223-04-17. E-mail: info@khovar.tjniat@khovar.tj .

Итминон дошта бошед, ки дар якҷоягӣ мо нерӯи бузургем ва ҳарфи моро хоҳанд шунид. Тавре худи Мавлоно гуфтааст:

Ин ҷаҳон кӯҳ асту феъли мо нидо,

Сӯи мо ояд нидоҳоро садо.

Пас бетараф набошед ва ба аксияи «МО – ЗИДДИ ТААССУБ ВА ИФРОТГАРОӢ!» ҳамроҳ шавед!

Октябрь 3, 2018 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРОИ АЗ БАНДИ ХУРОФОТ РАҲО ШУДАН ЧӢ БОЯД КАРД? Андешаи чанд нафар намояндагони касбу кори гуногун дар ин мавзуъ
Чӣ бояд кард, то шахс ба доми хатарбори ҳизбу созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ наафтад?
Тоҷикистон даҳсолаҳо боз дар сафи пеши муқовимат бо терроризми байналмилалӣ қарор дорад
НАДОНИСТАНИ ҚОНУН ҶАВОБГАРИРО ИСТИСНО НАМЕКУНАД! Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ-экстремистие, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон манъ карда шудааст
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар шаҳри Норак вохӯрӣ доир гардид
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд