ТЕРРОРИЗМ — ВАБОИ АСР. Дар Коллеҷи муҳандисӣ-маърифатии ноҳияи Рашт вобаста ба ин мавзуъ вохӯрӣ доир шуд

Февраль 27, 2025 13:53

ДУШАНБЕ, 27.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи муҳандисӣ — маърифатии ноҳияи Рашт доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва амалӣ намудани «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо устодону кормандон ва донишҷӯён вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дода, доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак», масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан сухан намуд.

Иброз шуд, ки экстремизм ва терроризм яке аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза ва вабои аср аст, ки ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои ҷаҳон таҳдид менамояд. Ҳадафи созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ ноором сохтани давлат ва ангехтани низоъҳои иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки шаҳрвандони мамлакат бояд дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъол бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи амнияти миллӣ талош намоянд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ даъват гардид, ки бояд барои пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки фарҳанги истифодаи интернет назорат ва аз мутолиаю паҳн кардани маводи марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ низ худдорӣ карда шавад.

Зимни суҳбати озод масъулин ба саволҳои донишҷӯён посух доданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2025 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинони шаҳри Исфара вохӯрӣ доир шуд
Кормандони Суди конститутсионии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоати шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуданд
Дар шаҳри Турсунзода оид ба шарҳи роҳҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм вохӯрӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст