Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷӣ Фуруя
ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Токиои Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷӣ Фуруя мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар мавриди барррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми назарраси Гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония дар рушду густариши муносибатҳои байни мақомоти қонунбарор ва таҳкими дигар бахшҳои ҳамкории дуҷониба, баҳои баланд доданд.
Ҷонибҳо аз вазъи имрӯзаи тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, муколамаи сиёсии байни давлатҳо, ки дар натиҷаи сафарҳои расмии сарони давлатҳо сатҳу сифати навро касб намуд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳар ду ҷониб зимни баррасии дурнамои робитаҳои байнипарлумонӣ, бо итминон иброз доштанд, ки Гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония минбаъд низ барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо ва таъмиқи ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовар, саҳми арзанда мегузорад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






