Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас
ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румасро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз рушду густариши равобити ду кишвар, ки бо талошҳои пайвастаи роҳбарони давлатҳо ва сафарҳои ҷавобии сарони кишварҳо ба даст омадааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ баррасӣ карда, таъкид доштанд, ки ин муносибатҳо ба эътимоду боварии дуҷониба асос ёфта, марҳила ба марҳила ба сатҳи шарикии стратегӣ мебароянд.
Таъкид гардид, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон ба густариши ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманди иқтисодию тиҷоратӣ, робитаҳои байниминтақаҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, доираҳои соҳибкорӣ, соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширу гӯшт, воридоти техникаю технологияи муосир мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Таъсиси корхонаи муштараки “Агротехсервис” дар шаҳри Ҳисор оид ба истеҳсоли техникаҳои кишоварзӣ ва бунёди боғҳо дар вилоятҳои Брест ва Гомели Беларус намунаи беҳтарини ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, мулоқоти доираҳои илмӣ ва аҳли эҷод табодули андеша карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






