Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҷоизаи ҷаҳонии «Эътирофи ҷомеа — 2018» сарфароз гардид

Октябрь 2, 2018 16:15

ДУШАНБЕ, 02.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ дар радифи намояндагон- бонувони кишварҳои Россия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Шоҳигарии Ирландия, Германия, Туркия, Япония ва  Корея  бо ҷоизаи ҷаҳонии «Эътирофи ҷомеа — 2018» сарфароз гардонида шуд.

Ҷоизаи мазкур  дар Форуми дуюми занони Авруосиё, ки  дар мавзӯи «Занон ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ» дар шаҳри Санкт- Петербурги Россия доир гардид, ба бонувон супорида шуд.

Дар Форум беш аз се ҳазор нафар бонувони сиёсатмадор, олимон, арбобони ҳунар, роҳбарони соҳаҳои гуногун аз 120 кишвари олам ширкат варзиданд.

Ба кори Форум Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар Форум масъалаҳои марбут ба ҳалли мушкилоти занон ва нақши онҳо дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ матраҳ гардиданд.

Октябрь 2, 2018 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид