Наврасони оворагард ба омӯзиш ва сайри мавзеъҳои таърихию маданӣ фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 27.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ»- таҳти чунин унвон дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ва наврасони ба оворагардӣ машғул барномаи омӯзишӣ доир гардид.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки оворагардии наврасону ҷавонон ташвишовар буда, барои тарбияи дурусти онҳо дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ натиҷаҳои манфӣ ба бор меоварад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар минтақа яке аз пешқадамтарин давлат шинохта шуда, имрӯзҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ин қишри ояндасоз таваҷҷуҳу ғамхории зиёд зоҳир мегарданд. Имрӯз дар кишвар тамоми имконият ва инфрасохтори зарурӣ барои тарбияи дурусти насли наврас фароҳам оварда шудааст. Вале, мутаассифона баъзе падару модарон фарзандони хешро назорати ҷиддӣ намекунанд, ки ин сабаби ба оворагардӣ мешғул шудани наврасон мегардад.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳамоиши мазкур 30 нафар наврасон ва ҷавононе, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба оворагардӣ машғул буданд, ҷалб гардида, муддати се рӯз ба омӯзиши психологӣ ва ҳамзамон саёҳати мавзеъҳои таърихию маданӣ, бозиҳои гуногуни илмию варзишӣ фаро гирифта мешаванд.
Мақсад аз роҳандозии барномаи омӯзишии «Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ»- ин таълиму тарбияи дурусти насли наврас, пешгирии ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби замони муосир, дар замири наврасон бедор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ба ин восита аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ ҷалб намудани онҳо мебошад.
Соли дуюм аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии оворагардии ҷавонон чунин барномаҳои омӯзиширо ташкил менамояд.








Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд






