Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Октябрь 22, 2018 09:13

ДУШАНБЕ, 22.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи 22 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият”-ро пас аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қитъаи мазкур дар доираи Лоиҳаи “Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ” (таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд — Исфара) навсозӣ шудааст. Масофаи умумии қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” 17 километрро дар бар гирифта, паҳноии он аз 8 то 16 метрро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи мошингарди дорои 2 хати ҳаракат маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла омода намудани қабати поёнӣ ва болоии роҳ, қубурҳои обгузар ва мумфарш кардани он дар ду қабат мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ анҷом дода шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Деҳмой-Меҳробод-Маданият, ки дар татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ замина мегузорад, моҳи июни соли 2016 оғоз гардидааст.

Дар доираи таҷдиди қитъаи роҳи мошингарди “Деҳмой-Меҳробод-Маданият” 6 пул бо иқтидори борбардории 80 тонна, аз ҷумла 2 пул таъмиру таҷдид ва 4-тои дигар пурра аз нав бунёд гардидаанд.

Масофаи умумии кӯпрукҳои навсохт ва таҷдидшуда дар қитъаи роҳи Деҳмой-Меҳробод-Маданият зиёда аз 160 метрро ташкил дода, ҳар яки он дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шудааст.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ давоми ду сол беш аз 120 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Дар доираи лоиҳаи таҷдиди ин роҳи мошингард ба масофаи 9600 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард мумфарш ва 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Меҳробод-Маданият марҳилаи якуми Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд-Исфара пурра амалӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, барои саҳмгузорӣ дар ободии мамлакат ба бунёдгарони роҳ изҳори миннатдорӣ карданд.

Сарвари давлат ҳамчунин масъулонро барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Меҳробод-Маданият муваззаф намуданд.

Оғози сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 22.10.2018

Октябрь 22, 2018 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд