ОБ ЗЕБОӢ МЕБАХШАД. Асрори давомнокии ҷавонии инсон аз таъмин бо оби сифатнок ва миқдори он вобаста аст

Октябрь 10, 2018 09:25

ДУШАНБЕ, 10.10.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд.

Ёдовар мешавем, ки 22 марти соли равон бо иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар бинои СММ ин даҳсола  оғоз ёфт. Эълони Даҳсолаи об ба хотири гиромидошт, ҳифз ва сарфаи ин неъмати бебаҳост.

Об асоси зиндагӣ дар сайёраи мост ва аз се ду ҳиссаи рӯи Заминро ишғол намуда, амалан ба тамоми равандҳое, ки дар сайёраи мо ба амал меоянд, таъсиргузор аст. 70 – 95 фисади олами зинда аз об иборат аст. Об аз як тараф зуҳуроти сода, аз сӯи дигар ҷавҳари аз ҳама мураккаб ва пурасрори Замин аст. Ба таҳқиқи об пажӯҳишҳои зиёди илмӣ бахшида шуда бошанд ҳам, он то ҳанӯз комилан омӯхта нашудааст. Об асоси муқаддаси зиндагӣ ба ҳисоб рафта, муҳимтарин оинҳои аксари динҳо бо он алоқаманд мебошад. Об унсурест, ки аз ҷиҳати аҳамият барои ҷисми одам  баъд аз ҳаво муҳимтарин аст.

Маълум аст, ки қариб аз се ду фоизи ҷисми мо аз об иборат аст. Бесабаб нест, ки инсон бе ғизо метавонад беш аз чаҳор ҳафта зиндагӣ кунад, аммо бе об на беш аз ҳафт рӯз. Барои нигоҳ доштани мувозинати об ҳар рӯз бояд 2 – 3 литр моеъ нӯшид.

Бисёре аз олимон зиндагии инсонро “мубориза барои об” меҳисобанд. Об – ченаки солмандии инсон аст. 80 -85 фоизи ҷисми одам аз таваллуд то яксолагӣ аз об иборат аст. Ҳангоми расидан ба 18-солагӣ об дар ҷисми инсон то 65 – 70 фоиз кам шуда, дар пиронсолӣ то 25 фисад мерасад. Аз ин рӯ чунин меҳисобанд, ки асрори давомнокии ҷавонии инсон аз таъмин бо оби сифатнок ва миқдори он, ки барои мубодилаи моддаҳо зарур аст, вобаста аст.

Сифати ҳаёти мо аз сифати об вобаста аст. Аҳолии сайёраи мо дар як шабонарӯз 7-8 тонна об истеъмол мекунад. Олимон бар онанд, ки агар одамон аз манбаъҳои об бо мулоҳиза истифода баранд, захираҳои он бемаҳдуданд.

Аммо масъалаи оби босифати ошомиданӣ дар дунё ҳамеша ва хусусан имрӯз хеле ҷиддист. Ҳамасола теъдоди зиёди обҳои истифодашуда ва ифлос  ба обанборҳо рехта мешаванд, ки рӯдҳову кӯлҳоро олуда месозанд. Мутаассифона, имрӯз теъдоди обҳои ифлосшуда хеле бештар аз обҳои тоза аст.

Калсий ва магний дар тамоми обҳои минералишуда ҳузур доранд. Сарчашмаи онҳо захираҳои табиии оҳаку гаҷ мебошанд. Маҳз калсий ва магний сахтии обро муайян мекунанд ва аз меъёр зиёд будани онҳо сабаби пайдоиши бемориҳо дар меъдаву рӯдаҳо,  пайдоиши санги гурдаҳо ва гипертония  мегардад. Ба ҷуз ин миқдори зиёди намак дар об низ ба манфиат нест, зеро чунин об барои истифодаи зарурати рӯзгор, шустушӯву тозакунӣ коршоям набуда, масрафи собун ва маводи тозакуниро афзун сохта, асбобҳои барқи мошинҳои тозакуниро зуд аз кор мебарорад. Чунин оби ғафс ё дурушт барои гардиши обтаъминкунӣ ва системаи гармидиҳӣ низ мувофиқ нест.

Оҳан ва марганес ба об ранги ногувори торику сиёҳ дода, маззаашро мекоҳонанд, сабаби афзоиши бактерияҳои оҳанӣ ва такшини қубурҳо мегарданд ва  дар натиҷа ифлосиҳо ҷамъ меоянд. Истифодаи тӯлонии оби оҳандор боиси пайдоиши бемориҳои хунӣ, сактаи дил, бемории ҷигар гардида, ба фаъолияти солими узвҳо мамониат эҷод мекунад.

Дар обҳо моддаҳои органикии зиёд вуҷуд доранд, аз қабили моддаҳои  қабатҳои пӯсидаи замин, ҳосили наботот ва ҷисмҳои фавтида, обҳои ҷории корхонаҳоии  гуногун, аз ҷумла саноатӣ. Барои обанборҳо хатари бештарро ҳамин обҳои ҷорӣ эҷод мекунанд, ки дар таркибашон сапедаҳо, равғанҳо, карбогидратҳо, кислотаҳои органикӣ, эфирҳо, фенолҳо ва нафт доранд.

Афзоиши аз эътидол беруни ин омезиш ба зарурати истифодаи зиёди хлор меорад, ки дар навбати худ метавонад ба гирифтории бемориҳои саратонӣ оварад.

Дар асоси маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, имрӯз 1,2 млрд нафар аз оби тозаи ошомиданӣ ба қадри кофӣ маҳрум буда, миллионҳо одамон ҳар сол аз бемориҳое, ки аз олудагии обҳо пайдо шудаанд, мемиранд. Моҳи январи соли 2008 дар Форуми ҷаҳонии иқтисодии СММ дар Швейтсария  таъкид шуд, ки то соли 2025 аҳолии беш аз нисфи кишварҳои дунё ва то соли 2050 ҳафтоду панҷ фисади аҳолии дунё  камбуди оби тозаро эҳсос хоҳанд кард.

Теъдоди маводе, ки обҳоро олуда мегардонанд, ҳам дар кишварҳои тараққикарда ва ҳам дар кишварҳои рӯ ба инкишоф аз ҳисоби ифлосшавиҳои муқаррарӣ (оҳанҳои вазнин, маҳсулоти коркарди нафт) пайваста меафзояд.

Аҳолии рӯ ба афзоиши Замин, хусусан дар он қисмате, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, захираҳои бузурги обҳоро, хусусан аз сарчашмаҳо ба коми худ фурӯ мебаранд.

Барои гурехтан аз буҳрони обӣ технологияҳои нави обтозакунӣ ва безараргардонӣ, ширинсозии сунъӣ ва услубҳои истифодаи дубора ба кор гирифта мешаванд. Тамизгардонии об хусусан барои кишварҳои рӯ ба инкишофи  Ҷанубу шарқи Осиё ва дигар минтақаҳо хеле муҳим аст, зеро маҳз дар он ҷойҳо бактерияҳои дар обҳо буда сабаби бемориҳои сироятӣ мешаванд.

Вазифаи муҳими дигар дар тозакунии об аз он дур кардани унсурҳои зиёновар мебошад. Теъдоди зиёди моддаҳои заҳролудкунандаи об вуҷуд дорад, ки рӯйхати онҳо пайваста меафзояд. Муайян кардану аз байн бурдани ин моддаҳои заҳрнок дар об кори душвор ва хеле гарон аст. Баъдан услубҳои мазкур ба истифодаи дастгоҳҳои хеле гаронбаҳо ва мутахассисони варзидаву донишманд вобаста мебошад. Аз ин рӯ дарёфти роҳҳои одитару арзонтари тозакунии обҳо хеле муҳим аст.

Ҳоло мутахассисони ҳифзи муҳити зист андешаи истифодаи дубораи обҳои поккардашудаи  саноативу истеҳсолотиро  доранд, ки низ заҳмату хароҷоти зиёдро тақозо дорад.

Обро метавон қиматтарин захира дар  сайёраи мо номид. Об сарчашмаи ҳаёт дар Замин барои ҳама  мавҷудоти зиндаест, ки дар он зиндагӣ мекунанд (растаниҳо, ҳайвонот, одамон). Тамоми обҳои табиат пайваста  бо ҳаво ва ҷинсҳои кӯҳӣ дар ҳамкориянд.  Худтозакунии об ба шарофати ҳаракати доимии он аст. Об ҳамеша рамзи қадимии ҳамаҷонибаи тозагӣ ва ҳосилнокӣ буда, дар тамоми даврони такомули инсон аҳамияти шифоӣ доштааст.

75 фисади ҷонварон, 90 фоизи растаниҳо, ва 80 фисади бадани одам иборат аз об аст. Чиниҳо, юнониҳо, вавилониҳову ассуриҳову ҳиндуҳову порсҳо дар замонҳои қадим обро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун ва шифои ҷароҳатҳо истифода мекарданд. Дар ҳуҷайраҳои ҷисми одам 70 фоиз об нигоҳ дошта шуда, миқдори оби берун аз ҳуҷайраҳо 30 фоизро ташкил медиҳад. Барои фаъолияти ҳаётии ҳар одам об нақши азим дорад.

Барои инсон об сарчашмаи ҳаёт, ғизои зарурӣ, маводи бунёди ҷисмонӣ, қиматтар аз нафт, оҳан, газ ва ангишт аст. Ҳатто камтарин камбуди об дар ҷисми одам оқибатҳои номатлуб дорад. Камбудии пайвастаи об дар ҷисми одам метавонад мигрен, аллергия, дарди меъда, асма ва артридро ба вуҷуд орад. Азбаски майнаи сари одам 75 фоиз аз об иборат аст, камбудии он метавонад  стресс-ҳолати бади рӯҳӣ ба вуҷуд орад. Ба андешаи баъзе табибон, об  маҳлулгари  ҳама бемориҳост. Боиси таассуф аст, ки инсоният ҳамчун истеъмолгари асосии об ба он хеле кам таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Оби табиӣ неруи барқро дар Замин ҳифз ва тақсим намуда, дар таъсиси иқлим ширкат  менамояд.

Агар мо хоҳем, ки аз имконияти лаззат бурдан аз зебоӣ, покии обанборҳои дар иҳотаамон  буда, обшорони дилангез ва кӯлҳои сафобахш маҳрум нагардем, бояд ҳамеша дар ғамхории захираҳои обҳои Замин бошем. Ва барои он ки дар оянда тавонем зебоӣ ва қудрати обро нишон бидиҳем, моро зарур аст ба вайронкунии мувозинати табиат ва ифлоскунии обанборҳо хотима бахшем. Тозагӣ, зебоӣ ва сифатҳои шифоии ин зуҳуроти ҳаётан муҳим ба ҳар як одам вобастагӣ дорад. Биёед, бо ҳам кӯшиш кунем, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намоем.

Таҳияи
Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 10, 2018 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурахши ситораҳо: дар Суғд мусобиқаҳои футболи кӯдакона доир гардиданд
Дар «Шарора» басти якуми истироҳат барои хонандагони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт оғоз гардид
Кумитаи кор бо занон ва оила таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» конференсия доир менамояд
Дар басти аввал дар «Зимчуруд» 250 нафар кӯдакон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Донишкадаи ҳуқуқи Сибир барои шаҳрвандони Тоҷикистон квотаи таҳсил ҷудо намуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ПАРАСТУ». Дар Бӯстон басти аввали истироҳатгоҳи шаҳрӣ оғоз гардид