ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои гарм дар назар аст
ДУШАНБЕ, 22.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ асосан ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзона то 5 дараҷа сард шудани он пешгӯӣ мегардад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7 дараҷа хунук, рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, дар водиҳо шабона +2+7 ва рӯзона +19+24 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва бебориш мешавад. Ҳарорат шабона 3+8 ва рӯзона ба +19+24 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бе бориш дар назар буда, ҳаво шабона +4+6 ва рӯзона +21+23 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






