Парлумони Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» тағйирот ворид месозад
ДУШАНБЕ, 08.10.2018/АМИТ «Ховар»/. Палатаи поёнии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» тағйиру иоваҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 8 октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова дар шарҳи масъалаи зикргардида гуфт, ки лоиҳаи Қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқию амалӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, бартараф кардани ихтилофоти байни санадҳои қонунгузорӣ ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» пешниҳод гардидааст.
Ҳамзамон аъзои Шӯро масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» ва «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» -ро баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки мақсади ворид намудани тағйирот ба қонунҳои зикршуда мутобиқ гардонидани онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






