Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ»

Октябрь 15, 2018 10:35
15.10.2018, шаҳри Душанбе

Ширкаткунандагони муҳтарами форум!
Меҳмонони гиромӣ!
Ҳозирини арҷманд!

Ҳамаи шуморо ба Форуми байналмилалии соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе хуш омадед мегӯям.

Баргузории ин чорабинӣ барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди иштирокчиёни он бисёр муҳим мебошад.

Доираи мавзӯъҳои форум сол ба сол васеъ гардида, сатҳи баррасии масъалаҳову натиҷагирӣ аз онҳо такмил меёбад.

Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ мебошад.

Бовар дорам, ки масъалаҳои дар форуми имрӯза баррасишаванда низ ба ҳалли масъалаҳои муҳимми фаъолияти соҳибкорӣ, таҳияи пешниҳоду тавсияҳо дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва дастгирии давлатии ин соҳа мусоидат менамоянд.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни форумҳое, ки солҳои қаблӣ баргузор гардиданд, як қатор санадҳои ҳамкорӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, сохтмони инфрасохтори бахши воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика, саноат, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ ба имзо расида, амалӣ шуда истодаанд.

Роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд бо сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ дар панҷ соли охир барои ба иқтисодиёти кишвар ҷалб гардидани беш аз 5 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла қариб 2 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақим мусоидат намуд.

Дар натиҷа соли ҷорӣ саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 70 фоизро ташкил дода, назар ба панҷ сол пеш 12 банди фоизӣ зиёд гардидааст.

Тавассути ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ саҳми бахши саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2017-ум 17 фоизро ташкил дода, содироти маҳсулоти соҳа, алалхусус, семент, гаҷкартон, масолеҳи рангубор, маъдан, консерваи меваю сабзавот, матоъҳои пахтагин ва қолин бамаротиб афзудааст.

Аммо таъкид месозам, ки имкониятҳои Тоҷикистон дар самти содироти маҳсулоти ниҳоӣ зиёданд ва соҳибкорону сармоягузоронро зарур аст, ки малакаву имкониятҳои худро барои истеҳсол ва содироти маҳсулоти дорои қобилияти рақобат дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ ва ба даст овардани арзиши баланди иловагӣ равона намоянд.

Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 гузариш аз иқтисодиёти аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ ҳадафи асосӣ ва шакли фаъолияти иқтисоди миллӣ дар дурнамо интихоб шудааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд якҷо бо сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ минбаъд ҷиҳати баланд бардоштани мақоми истеҳсолкунанда дар кишвар, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ташкили марказҳои рушди захираҳои инсонӣ барои хизматрасонӣ ба соҳибкорону сармоягузорон тадбирҳои зарурӣ андешад.

Бо татбиқи чунин нақшаи амал мо метавонем ба баланд бардоштани саҳми бахши хусусӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъсиси ҷойҳои кори доимӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ муваффақ гардем.

Ман ба қобилияти соҳибкорони имрӯза дар самти васеъ намудани истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат, зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва бо ҷалби технологияҳои пешқадам ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии истеҳсолот итминон дорам ва бори дигар изҳор менамоям, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ мекунад.

Ман ба ҳамаи соҳибкорони бонангу номусе, ки иқдоми Ҳукуматро ҷиҳати бо дастовезҳои сазовор истиқбол намудани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намуда, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва роҳу пулҳо бунёд карда, дар дигар корҳои ободонӣ ва амалҳои хайру савоб ташаббускор ҳастанд, миннатдорӣ баён менамоям.

Мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки дар шароити ҳассоси муносибатҳои геосиёсӣ, авҷ гирифтани бархӯрдҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гузоштани заминаҳои мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифат, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Аз ин лиҳоз, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон ва қобилияти идоракунии онҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири менеҷменти сифат ва омодасозии кадрҳо омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадаф ба ҳисоб мераванд.

Зарур аст, ки аз ҷониби ширкаткунандагони форум доир ба самтҳои минбаъдаи рушди соҳибкорӣ ва дастгирии давлатии он пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шаванд, то ки сохторҳои дахлдор доир ба онҳо дар татбиқи сиёсати дастгирии соҳибкорӣ чораҷӯӣ намоянд.

Раванди дастгирии давлатии соҳибкорӣ вобаста ба вазъ ва рушди муносибатҳои бозорӣ дар кишвар талаб мекунад, ки ислоҳот дар ин самт идома дода шавад.

Зеро ҳарчанд ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ин самт корҳои зиёд амалӣ гардидаанд, вале ҳоло ҳам як қатор масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд.

Ислоҳоти доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ амалигардида имкон дод, ки дар давоми даҳ соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7 фоиз таъмин карда шавад.

Бори дигар таъкид менамоям, ки саҳми бахши хусусӣ дар ин раванд арзишманд буда, вазифаи давлат ҳамоно аз таъмин намудани шароити мусоид барои фаъолияти босамари ин бахш иборат мебошад.

Имрӯз дар назди мо доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвар, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва таъмин намудани сатҳи баланди зиндагии мардум, ҳамчунин, тавсеаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ вазифаҳои умда қарор доранд.

Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда то соли 2030 як қатор нишондиҳандаҳои мақсаднок муайян карда шудаанд, ки зиёда аз 3 баробар афзоиш додани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, зиёда аз 2 баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 фоиз баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ҳукумати мамлакат вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ҳамасола ислоҳоти муҳимро дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла содагардонии расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ, содагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ амалӣ менамояд.

Дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки муколамаи озоди давлат ва бахши хусусиро таъмин намуда, ба он, ҳамчунин, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони хориҷӣ шомиланд, такмили заминаи қонунгузорӣ дар самти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ идома дода мешавад.

Тавассути такмили қонунгузории соҳавӣ тақвият бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, рушди малакаву иқтидори соҳибкорӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони молу маҳсулот ва таъминкунандагони кору хизматрасонӣ ва рушди низоми қарзу молия барои субъектҳои соҳибкорӣ муайян карда шудаанд.

Дар ин раванд, такмили қонунгузории кишвар доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ идома дода мешавад.

Аз ҷумла, бо мақсади мукаммал гардонидани маъмурикунонии андоз ва андозбандӣ моҳи феврали соли ҷорӣ ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои қабулшуда 30 номгӯй имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва соҳаи хизматрасонӣ равона карда шудаанд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки субъектҳои хоҷагидор имтиёзҳо ва сабукиҳои пешбининамудаи қонунгузориро самаранок истифода баранд ва интизоми андозро пурра риоя намоянд.

Ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани маърифати молиявию иқтисодии соҳибкорон ва истифода гардидани стандартҳои байналмилалии муҳосибӣ аз ҷониби онҳо муҳим мебошад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаи андоз ва мақомоти дахлдори соҳаи дастгирии соҳибкориро зарур аст, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҷиҳати содагардонии расмиёти санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои навтаъсиси ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти санҷиш бо мақсади таъмин намудани рушди бахши хусусӣ ва коҳиш додани санҷишҳо шумораи мақомоти санҷиш аз 31 ба 25 ва шумораи санҷишҳои нақшавӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2017-ум қариб 23 фоиз кам карда шуданд.

Дар кишвари мо бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ дар солҳои 2018-2019 барои санҷишҳои мақомоти гуногун мораторий эълон гардида, илова бар ин, як қатор имтиёзҳои андозӣ ҷорӣ карда шудаанд.

Дар натиҷа, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта назорати камералӣ беш аз 50 фоиз кам гардид.

Бо вуҷуди шароити мусоиди барои соҳибкорӣ муҳайёгардида, бори дигар таъкид менамоям, ки мутаассифона, то ҳол як қисми андозсупорандагон ба вайронкунии қонунгузории андоз роҳ медиҳанд.

Аз рӯи натиҷаи санҷишҳо дар соли 2017 ва ҳашт моҳи соли 2018 дар маҷмӯъ, 1 миллиарду 240 миллион сомонӣ маблағи пинҳонкардаи андозҳо ошкор гардида, аз он 900 миллион сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.

Бинобар ин, зарур аст, ки барои минбаъд роҳ надодан ба чунин қонунвайронкуниҳои андоз чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Дар маҷмӯъ, дар масъалаи санҷишҳо мехоҳам таъкид созам, ки мо мақсад дорем дар оянда ба нақша гирифтани ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро тибқи таҷрибаи байналмилалӣ дар асоси арзёбии хавфҳо ба роҳ монем.

Ҷорӣ намудани тартиби электронии пардохти боҷи давлатӣ барои якчанд хизматрасонии давлатӣ бо истифода аз кортҳои пардохтӣ дастоварди дигари ислоҳот дар соли ҷорӣ мебошад, ки хароҷоти пардохти андозро барои соҳибкорон коҳиш медиҳад.

Аз рӯи ин таҷриба ба ҳамаи мақомоти дахлдори давлатӣ, ки хизматрасонии давлатиро ба субъектҳои хоҷагидорӣ пешниҳод менамоянд, зарур аст, ки дар солҳои наздик қабули пардохтҳоро пурра тавассути низоми зикршуда ба роҳ монанд.

Дар доираи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ шумораи иҷозатҳо аз 605 то 74 номгӯй кам гардида, дар ин замина дар кишвар Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ карда шуд.

Имрӯз дар мамлакат бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ раванди таъсиси “Равзанаи ягона” оид ба гирифтани иҷозат барои сохтмон, бақайдгирии амволи ғайриманқул, амалиёти содироту воридот ва транзит, ҷараёни роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатгузорӣ ва муосиргардонии махзани маълумоти мақомоти танзими давлатӣ оғоз шудааст.

Тибқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар назар аст, ки тартиби электронии хариди давлатии мол, феҳристи ягонаи электронии вобаста намудани қитъаҳои замин ва феҳристи ба гарав мондани молу мулк дар доираи як низоми бақайдгирии электронӣ ҳамоҳанг карда мешаванд.

Вобаста ба ин, ҷиҳати таҳия ва ҷорӣ намудани низоми иттилоотӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои минбаъд ташкил намудани феҳристи электронии аҳолӣ аллакай тадбирҳои муайян амалӣ шуда истодаанд ва дар қаламрави Тоҷикистон аз соли 2019 роҳандозии сабтҳои электронии асноди ҳолати шаҳрвандӣ оғоз мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Барои дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна ҳамасола аз буҷети давлат маблағҳои мақсаднок ҷудо карда мешаванд.

Аз ҷумла танҳо дар соли ҷорӣ тавассути грантҳои Президенти Тоҷикистон барои рушди соҳибкории занон 8 миллион сомонӣ ҷиҳати оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди он 15 миллион сомонӣ, Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ 370 миллион сомонӣ ва Фонди дастгирии омӯзгорони ҷавон 8 миллион сомонӣ равона мегардад.

Инчунин, тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ то имрӯз дар 50 шаҳру ноҳияи кишвар барои 168 лоиҳаи тиҷоратӣ 243 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.

Аммо ин ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, зеро талабот ба маблағҳои қарз аз ҷониби соҳибкорон зиёд буда, ҳатто низоми бонкии кишвар онро пурра қонеъ гардонида наметавонад.

Мувофиқи омори бонкӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии мамлакат ба маблағи 49 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки қариб 27 миллиард сомонӣ, яъне 55 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд.

Бо вуҷуди ин, норасоии воситаҳои озоди бонкҳо, баланд будани фоизи қарзҳо ва дастрасии нокифояи соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ тақозо менамояд, ки дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бонки миллиро зарур аст, ки дар ин самт таҳқиқот гузаронида, барои ба низоми бонкӣ ворид шудани сармояи ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад.

Барои боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ ба қарзҳо қонунгузории мамлакат такмил дода шуда, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гарави молу мулки манқул” таҳия гардид.

Ҳамзамон бо ин, дар назди Вазорати адлия феҳристи электронии бақайдгирии гарави амволи ғайриманқул таъсис дода шуд.

Фаъолияти устувори низоми бонкӣ яке аз омилҳои асосии таъмин намудани суботи молиявӣ ва рушди иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ҷиҳати таҳкими механизмҳои назорати устувории молиявӣ соли ҷорӣ Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири манфии хавфҳои эҳтимолӣ ба низоми молиявии кишвар мусоидат менамояд.

Ҳукумати кишвар доимо дар ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ буда, ислоҳотро дар ин самт минбаъд низ, яъне то вақте, ки бахши хусусии кишварамон, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ қобили рақобат ва фазои сармоягузории кишвар аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо мусоид гардад, идома медиҳад.

Ҳарчанд ки солҳои охир мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” аз лиҳози якчанд нишондиҳандаҳо беҳтар гардидааст, аммо корҳо дар самти осон намудани пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ, сода кардани расмиёти қатъи фаъолияти соҳибкорӣ, алалхусус, субъектҳои соҳибкории хурд, дастрасӣ ба қарз ва дигар нишондиҳандаҳо беҳбудиро тақозо менамояд.

Дар робита ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо сохтору мақомоти марбута доир ба масъалаҳои зикршуда санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия намояд ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод созад.

Муҳтарам ширкаткунандагони форум!

Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият сиёсати “дарҳои кушода”-ро пеш гирифта, доираи равобити мустақими иқтисодиву тиҷоратиро бо кишварҳои ҷаҳон сол ба сол васеъ гардонида истодааст.

Ҳадафи мо, дар навбати аввал, аз он иборат аст, ки фазои сармоягузорӣ барои фаъолияти самараноки иқтисодии соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ҳарчи бештар мусоид ва ба меъёрҳои байналмилалӣ наздик гардонида шавад.

Фазои иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамаи сармоягузорон, ки ҷойи кор таъсис медиҳанд, ба бозори дохиливу хориҷӣ молу хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд ва қонунгузории миллиро риоя менамоянд, ҳамеша кушода буда, барои чунин сармоягузорон бастаи имтиёзҳои гуногуни иқтисодиву маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар баробари ин, зарур аст, ки ба таҳияи лоиҳаҳои аз лиҳози техникиву иқтисодӣ асоснокшуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.

Зеро тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо аксари лоиҳаҳое, ки имрӯз ба сармоягузорон пешниҳод мешаванд, камбудиҳои ҷиддӣ дошта, аз лиҳози техникӣ ва иқтисодӣ асоснок нашудаанд.

Бештари лоиҳаҳо таҳқиқоти маркетингӣ надошта, дар онҳо доир ба роҳу имкониятҳои бозоргир шудани молу хизмати истеҳсолшаванда ва баргардонидани сармоя маълумот дода намешавад.

Ҳол он ки аксарияти қарорҳои сармоягузорон дар асоси имконияти баргардонидани маблағҳо қабул карда мешаванд.

Дӯстони азиз!

Фаъолияти чор минтақаи озоди иқтисодӣ дар кишвар барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими хориҷӣ майдони хеле мусоид мебошад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ба соҳаҳои истеҳсолӣ васеъ ҷалб намудани сармояи ватаниву хориҷӣ чораҷӯӣ карда, ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон самаранок ба роҳ монанд.

Мисоли намоёни чунин ҳамкорӣ таъсиси минтақаи саноатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад.

Чанд рӯз пеш мо дар пойтахти мамлакат дар масоҳати 9 гектар санги асоси 9 корхонаи истеҳсолиро гузоштем.

Роҳбарони дигар шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки барои таъсиси чунин минтақаҳои саноатӣ дар асоси риояи меъёрҳои қабулгардида чораҷӯӣ намоянд.

Соли 2017 дар минтақаҳои озоди иқтисодии “Суғд” ва “Данғара” мутаносибан ба маблағи 78 ва 18 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.

Дар ду минтақаи дигар – “Ишкошим” ва “Панҷ” корҳои сохтмон ҳоло ҳам идома доранд.

Таъкид бояд кард, ки бинобар мушкилоти инфрасохториву логистикӣ иқтидори минтақаҳои озоди иқтисодӣ пурра истифода бурда намешавад.

Беҳтар шудани робитаҳои минтақавӣ барои дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ таъсис додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ё саноатии нав имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, ки онҳо ба истифодаи нерӯи инсонӣ ва инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат менамоянд.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ин масъала, яъне имконияти таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ё саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода шавад.

Дар ин росто, Ҳукумати кишвар бояд доир ба муайян намудани меъёрҳои фаъолияти минтақаҳои саноатӣ ва имтиёзҳои имконпазир вобаста ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт бо дарназардошти саҳми онҳо дар бозори ватанӣ ва содирот тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар аз таъсиси чунин минтақаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, то ҳадди ниҳоӣ коркард кардани ашёи хом, бо маҳсулоти хушсифат таъмин намудани бозори дохилӣ, тақвият бахшидан ба иқтидори содиротӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯии инкишофёфта буда, аз 90 самти истеҳсолот иборат аст ва беш аз 140 навъи маҳсулотро истеҳсол мекунад.

Афзалиятҳои нисбии кишвар дар шароити имрӯза ба соҳаҳои истихроҷу коркарди маъдан, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ рост меоянд.

Ҳукумати кишварро зарур аст, ки минбаъд низ ҷиҳати ташкили корхонаҳои азими саноатӣ дар самти истеҳсол ва васлкунии маҳсулоти гуногун, алахусус, дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва корхонаҳои соҳаи хизматрасонӣ лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро таҳия ва татбиқ намояд.

Мо метавонем бо ҳамин роҳ қобилияти рақобати иқтисодиёти кишварро баланд бардорем ва нишони молии “Истеҳсоли Тоҷикистон”-ро дар бозорҳои ҷаҳон машҳур гардонем.

Мо соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудем, то ки бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ хизматрасонии сайёҳиро ба соҳаи содиротӣ табдил диҳем.

Тоҷикистон аз рӯи иқтидор ва имкониятҳои рушди ин бахш дар рейтинги бисёр созмонҳои бонуфузи ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол намуда, шумораи сайёҳоне, ки ба кишвари мо меоянд, сол ба сол афзуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон додаанд, шомил шудааст.

Бо мақсади истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба ин бахш заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шуданд ва Ҳукумати мамлакат дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ барои ин соҳа тадбирҳои иловагӣ андешида истодааст.

Аз ҷумла барои рушди транзити нақлиёти ҳавоӣ дар кишвар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ татбиқ шуда истодаанд.

Дар натиҷа имрӯз тавассути фазои ҳавоии Тоҷикистон ва бо истифода аз хизматрасонии фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои хизматрасони мамлакат ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ якчанд хатсайри нав кушодаанд.

Акнун зарур аст, ки соҳибкорони ватаниву хориҷӣ бо таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бизнес-нақшаҳои мукаммал шаклҳои муосири хизматрасонии сайёҳиро ҷорӣ намоянд.

Интишори мунтазами маълумот доир ба фазои сармоягузорӣ, имкониятҳои мавҷуда ва лоиҳаҳои ҷолиб тавассути шабакаҳои интернетӣ метавонад дастрасии маълумотро барои сармоягузорони хориҷӣ осон намояд.

Ҳамчунин, дар ин раванд, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, дигар сохтору мақомоти дахлдори кишвар бояд намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар бо маводи муфассал ва фарогир оид ба лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон таъмин намуда, бо онҳо робитаи мунтазами кориро ҷиҳати пешбурди муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишвар ба роҳ монанд.

Соҳибкорон ва сармоягузорони муҳтарам!

Таҷрибаи мамолики пешрафтаи ҷаҳон собит месозад, ки баробари тараққиёти соҳаи саноат ниёз ба ҷавонони соҳибкасбу соҳибмаърифат меафзояд ва танҳо ин нерӯи созанда метавонад рушди устувори иқтисодиётро таъмин намояд.

Дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии синни то 35- сола 54 фоиз ва синни миёнаи аҳолӣ 24 солро ташкил медиҳад, ки аз мавҷудияти нерӯи бузурги зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад.

Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, Ҳукумати мамлакат барои сафарбар намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ ва самтҳои дигар тадбирҳои муассир андешида истодааст.

Барои истифодаи пурраи ин нерӯи зеҳнӣ, захираҳои иқтисодӣ, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар мо минбаъд низ ба ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим, технологияҳои муосир ва таҷрибаи пешқадам манфиатдор хоҳем буд.

Дар ин росто, баргузории мунтазами форумҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории сатҳи байналмилалӣ ва намоишгоҳу фурӯши байналмилалии маҳсулоти Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ аҳаммияти бузург дошта, ба муҳайё намудани майдони васеъ барои ҳамкориҳои тиҷоративу истеҳсолӣ мусоидат мекунад.

Бовар дорам, ки натиҷаҳои форуми имрӯза, мувофиқаҳои бадастомада ва созишномаҳои дар доираи он баимзорасида ба таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин, тақвият ёфтани иродаи ҳамбастагӣ дар самти истифодаи муштарак ва самараноки имкониятҳоямон мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, бо итминон изҳор медорам, ки соҳибкорони бонангу номуси мо дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии кишварамон бо ташаббусҳои бештари худ дар пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони маҳбубамон ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон саҳми ватандӯстонаи хешро мегузоранд.

Мувофиқи маълумоти ҷамъбастӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар давоми се соли оянда, яъне то ҷашни 30-солагии истиқлолият илова ба 378 иншооте, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои бо қарори Ҳукумат тасдиқгардида сохта мешавад, қариб 18 900 иншооти нав бунёд мегардад, ки аз ин шумора ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 400, вилоятҳои Суғд 6000, Хатлон 5000, шаҳри Душанбе 3530 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 3422 иншоот рост меояд.

Яъне бунёди чунин шумораи бузурги иншооту биноҳои нав, ки боиси хеле ободу зебо шудани кишвари азизамон ва ҳалли бисёр масъалаву мушкилоти иҷтимоӣ мегарданд, майдони озмоиши нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ва кӯшишу ғайрати соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони олиҳиммат мебошад.

Итминони комил дорам, ки соҳибкорони ватандӯсту баландҳиммати мо аз ин озмоиш сарбаландона хоҳанд гузашт.

Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо фаъолияти пурсамар ва барору комёбиҳо орзу менамоям.

Тансиҳату сарбаланд ва пирӯзу хонаобод бошед!

Октябрь 15, 2018 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд