ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ ГАНҶҲОИ НОКУШОДА! Дар Хуросон дайри буддоии 6х5- метраи зеризаминӣ пайдо гардид

Октябрь 10, 2018 10:55

ДУШАНБЕ, 10.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Субҳи мавзеи Фахробод, воқеъ дар ҳудуди Хоҷагии деҳқонии Асадуллои ноҳияи Хуросон дайри буддоии зеризаминӣ пайдо гардид, ки он тақрибан ба давраи Ҳайтолиёни асрҳои 5-6 мутааллиқ буда, масоҳаташ тахминан 6х5 метрро ташкил медиҳад. Шакли он ба хонаҳои зеризаминии давраи буддоӣ монанд буда, мардуми маҳаллӣ онро ермасҷид меноманд. Дар ин бора аз Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ хабар доданд.  

Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи гузашта аз ҷониби китобдор ва омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и деҳаи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Элёр Ахмедов ба унвонии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ маълумот дар бораи ин бозёфт расид. Аз ҷониби Институт гурӯҳи бостоншиносон фавран таҳти роҳбарии олими маъруфи соҳа, доктори илмҳои таърих, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Саидмурод Бобомуллоев ба ноҳияи мазкур сафарбар гардид.

Дар натиҷаи таҳқиқоти бостоншиносӣ маълум гардид, ки воқеан дар ин мавзеъ дайри буддоии зеризаминӣ мавҷуд буда, он тақрибан ба давраи Ҳайтолиёни асрҳои 5-6 мутааллиқ мебошад. Масоҳаташ тахминан 6х5 метрро ташкил медиҳад. Дохили бино аз санги яклухт бунёд гардида, сақфаш гунбазӣ аст. Он аз боло равзана дошта, таҳкурсияш шакли чалипоро ва аз чор сатҳ равоқ дорад. Равзана аслан барои даромадани рӯшноӣ мусоидат менамояд.

Дар мавзеи мазкур феълан корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз ҷониби бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Тибқи маълумоти таърихӣ, дар Осиёи Миёна дайрҳои бисёр мавҷуд буданд, ки бо мурури замон ва амри таърих қисман нобуд гардидаанд. Махсусан дар ҷануби Тоҷикистон дараҷаи баланди тараққиёти санъати қадимӣ дар Осиёи Миёна ба мушоҳида мерасид. Ҳайтолиён аз табори мардуми тахориён буда, гузаштагонашон дар ҳудуди Тахористону Бадахшон сукунат доштаанд. То миёнаҳои асри 5 давлати Ҳайтолиён дар Осиёи Марказӣ мақоми ҳукмронро ба даст даровард. Дар муқобили давлати Ҳайтолиён ду давлати абарқудрату пурзӯр-Сосониён ва Хоқонати Турк меистод. Дар маъхазҳо гуфта мешавад, ки ҳайтолиён ашхоси боҷуръат ва ҷасур буда, дар майдони набард қобилияти фавқулода доштанд.

Ҳайтолиён усули ҷангии мудофиавии худро доштанд, аз ҷумла онҳо дар пеши роҳи лашкари Сосониён ҷоҳҳо ва хандақҳои зиёде кофта, рӯйи онҳоро бо хасу хошок ва шохаҳо пӯшонида, ноаён мекарданд, ки онро ба истилоҳи худ «чоҳҳои гургқапӣ» меномиданд.

Мавриди таъкид аст, ки Тоҷикистони офтобӣ кишвари куҳанбунёд буда, то ҳанӯз дар зери талу теппаҳои он харобаҳои садҳо шаҳру қалъаҳои қадим ва қадимтарин нуҳуфтаанд, ки дорои асрори бойю пурғановат мебошанд. Ёдгориҳои санъат ва меъмориро дар аксар музофотҳои кишвари паҳноварамон дучор омадан аз эҳтимол дур нест. Ин иншооти меъморӣ на танҳо зебою дилкаш, балки ҷозибаноку мустаҳкам сохта шудаанд.

Аз замони бунёди онҳо гарчанде ҳазорсолаҳо сипарӣ гардида бошад ҳам, то ҳол аксарияташон ҳусну тароват ва шукӯҳу шаҳомати худро гум накардаанд.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои куҳантамаддун, бостонфарҳанг, қадимҳунар ва қадимкеше мебошад, ки ҳар сангу хораш таърихи ба худ хос дорад ва ин гувоҳ аз таъриху тамаддуни безаволи тоҷикон аст. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст барои кашфи асрори таърихи ин марзу бум ба аҳли башар саҳм гузорем. Ба қавли Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Тоҷикистони азизи мо кишвари дорои ганҷҳои нокушода мебошад».

Яке аз ҳадафҳои ниҳоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рушду инкишофи бонизоми фарҳанги миллӣ боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба волоият ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ маҳсуб меёбад.

Аз ҷумла, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 23 январи соли 2015 чунин омадааст: «Ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар муддати 10 соли охир (яъне аз соли 2004 то соли 2014) барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ қариб 3 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо намуда, аксари осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараи шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддиву маънавии халқамонро навсозӣ намуд».

Ҳамзамон тибқи моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастраси халқ мебошанд. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таъриху фарҳанг вазифаи ҳар шахс аст».

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 низ муаррифи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои сайёҳию боду ҳавои мусаффо ва обидаҳои фарҳангию миллӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он ҳифзи ҳар як пораи сарзаминамон мебошад.

Октябрь 10, 2018 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид