Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ иштирок хоҳад кард

Октябрь 9, 2018 16:22

ДУШАНБЕ, 09.10.18 АМИТ /«Ховар»/. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи  кишварҳои узви ИДМ, ки 12 октябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар ҷаласа баррасии вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, вазифаҳои афзалиятноки мубориза бар зидди терроризми байналмиллалӣ, самтҳои рушди ҳамкории ҳарбӣ байни давлатҳои ИДМ, дурнамои системаи муттаҳидаи назорати вазъияти радиологӣ, кимиёвӣ ва биологӣ ба нақша гирифта шудааст.

Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, ки ҳамчунин дар мулоқоти мазкур масъалаҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини парвозҳои  ҳавопаймоии қувваҳои мусаллаҳи  кишварҳои ИДМ, татбиқи Консепсияи рушди системаи ягонаи давлатии шинохти радиолокатсионӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти низомӣ, гузаронидани чорабиниҳои муштарак бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон баррасӣ хоҳанд шуд.

«Ғайр аз ин аъзои Шӯро ният доранд, ки нақшаи кории шӯроро  дар соли 2019 қабул намоянд, ҳуҷҷатҳоро  оид ба системаи алоқаи муштараки қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои ИДМ, таъминоти иттилоотӣ оид ба фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ дар давраи то соли 2022, ҳамкорӣ дар самти баҳрнавардӣ, геотехникӣ, геодезия, метрологияро ба имзо расонанд, чораҳои муштараки системаи муштараки ҳавоӣ дар кишварҳои ИДМ барои соли 2019-ро тасдиқ намоянд ва инчунин як зумра масъалаҳои дигарро дида бароянд»,- омадааст дар иттилоия.

Октябрь 9, 2018 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд