ЗАБОНИ ТОҶИКӢ -ОИНАИ ХИРАД ВА ФАЗИЛАТ. Имрӯз ҷашни забонест, ки аз байни алангаҳои оташи беамон сиёвушвор беосеб гузаштааст
«Агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд».
«Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН
ДУШАНБЕ, 05.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ман бо забони модариям, бо забоне, ки модари бузургворам алфози дилангези онро қатра-қатраву реза-реза чун шаҳду шакар, чун қанду асал ба комам рехтаасту дунёи маънавии маро чунин ширадору гуворо бунёд ниҳодааст, ифтихор мекунам.
Ин забонест, ки ҳар вожааш чун гул шукуфон асту ҳар ҳарфаш чун дурдонаҳои гаронбаҳо ҷило медиҳад.
Ин забони шаффоф чун обҳои зулоли чашмаҳо, хушнаво чун рӯдҳои кӯҳистон, тарабангез чун обшорони баланд, забони нафистар аз баргу муғчаҳои баҳорон, рӯҳбахштар аз навои чангу сетор… забони модарии ман аст.
Ин забонест, ки чун оинаи муҷалло дар худ тамоми зебоиҳои олами воқеӣ ва рӯҳонии инсониро инъикос намудааст.
Ин забон оинаест, ки дар он хирад, фазилат, муҳаббати баланди халқи озодаманиш ва соҳибмаърифат инъикос ёфтааст.
Симои воқеии миллати моро шумо танҳо дар ҳамин оинаи поку мубарро бо ҳама дурахши нури азалӣ метавонед бубинед.
Ин забонест, ки аз Одамушшуаро устод Рӯдакӣ то ба имрӯз бузургтарин шуарои дунё ва нобиғагони давру замонҳо тавассути он абадият эҷод кардаанд.
Ин забони миллати ман аст. Халқи бузургвори ман ҷоннисорона дар тӯли таърихи гарону хунин онро ба баҳои ҷонаш зинда доштааст. Ман бо ҳама ҷабру ҷафою зулми носазои таърих ва тақдир маҳз ба шарофати ҳамин забони хуҷастаравон зиндаам. Ин забон ҳамеша сипари ҷони ман будаасту хоҳад буд.
Агар тамоми дороиҳои халқи маро душманон тороҷ намудаву аз ман бирабудаанд, забонамро натавонистанд бикушанд, забонам зинда мондааст ва маро зинда доштааст ва ҳама дороиҳои маро дар худ маҳфуз медорад. Зеро дории одамизод на дар ганҷи симу зари дунёст, ки бақо надоранд, балки дар хираду донишу адаб аст, ки танҳо забон, танҳо китоб ва танҳо халқи хирадпешаву некӯхисол метавонанд онро маҳфуз доранд.
Ин забони биҳиштии ман буд, ки тавассути он ҳама боигариҳо ва ғановатҳои бебаҳои миллати ман: суннату маросимҳо, ҳунару санъат ва фарҳанги безаволаш аз миёни обу оташ, барқу тӯфонҳои бунёдсӯз солиму беосеб гузаштаву маҳфуз монда ва маро, миллати маро зинда доштаанд.
Ин забони миллати ман, модари ман, ин забони ман аст, ки чун хун дар шараёнам ҷорист ва чун набз маро зинда медорад ва онро ҳаргиз касе аз ман наметавонад бирабояд.
Ман тоҷикам, пас ин забони тоҷикии ман аст, забони миллати тоҷик аст. Ман бо он ифтихор мекунам, аз ном бурданаш ҳаргиз ор надорам. Ин забони бузургони ҷаҳон, нобиғагони илму адаб Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Носири Хусрав, Мавлавӣ, Саъдӣ, Камол, Ҳофиз, Бедил ва дигарон буда, ки ин нукта баҳснопазир аст.
Ин забонест, ки аз имтиҳони таърих, аз байни алангаҳои оташи беамон сиёвушвор гузашта беосеб.
Забоне, ки устод Рӯдакӣ бунёди адабиву фарҳангии онро гузошт ва чун Одамушшуаро ва сардафтари адабиёти бузурги форсу тоҷик эътироф гардид. Раҳо кунед баҳсҳои бемавриду нодаркор ва зиёноварро! Ин ҳамон забонест, ки ҳаким Фирдавсӣ онро забони ҳамосаҳо сохт, Мавлавӣ онро забони андешаву ҳикмат, Сино забони тиб, Саъдӣ забони андарзҳо ва Ҳофиз забони ишқ кард. Бале, ин забони меҳру муҳаббат, забони ишқу адаб аст. Забони модарии ман, забони кишвари ман, Тоҷикистони соҳибистиқлоли ман аст ва ин унвон ҳаргиз қимати форсӣ будани онро нахоҳад кост, балки баръакс комилтару рангинтар хоҳад кард.
Муҳаққиқи бузурги эронӣ Сайид Нафисӣ, вақте ба зиёрати марқади устод Рӯдакӣ ба Панҷрӯд омад, аз Панҷакент, аз Тоҷикистон боздид ба амал овард ва лафзи тоҷиконро шуниду бо онҳо гуфтугӯ кард, бо ҳаяҷон ва эҳсосот иброз дошт, ки сарчашмаҳои поку ноби забони порсӣ маҳз дар ҳамин диёр маҳфузанд.
Ман ифтихор мекунам, ки имрӯз дар ҳудуди он Ориёнои бузурги таърихӣ Тоҷикистони азизи мо соҳиби истиқлолият ва ҳувияти миллии хеш аст, соҳиби Давлати мустақил ва муқаддасоти милии хеш аст, аз ҷумла забони давлатӣ. Чӣ наҷибтар аз ин буда метавонад барои фарзанди ин марзу бум.
Қабеҳтар аз ин наметавонад буд, ки имрӯз гурӯҳе мисли ин ки кори дигар надоранд, мехоҳанд бузургони гузаштаи моро вобаста ба марзҳои имрӯзӣ, ки баъд аз садсолаҳо кашида шудаанд, мансуб танҳо ба ин ё он кишвар донанд. Рӯдакӣ аз шумост, Фирдавсӣ аз мост, Низомӣ аз фалон ҷо ва Мавлавӣ аз ҷойи дигар. Хато мекунед, инҳо ҳар яке ба забони модарии худ эҷод кардаанд, яъне ба забони бузурги порсӣ – тоҷикӣ, дарӣ. Бузургони гузаштаи мо як Ватан доранд, ки ин ҳам забони модарии онҳост. Аммо ҳама мутааллиқ ба инсониятанд, мутааллиқ ба башаранд.
Эй, ки дар замин марзҳо бастаед, оё метавонед дар ҳаво низ сарҳадҳо созед ва ба парандагон ҳукм кунед, ки аз ин марзҳо убур накунанд?! Забони муқаддаси мо бурун аз марзҳои заминӣ ҳудуди бекарони худро дорад ва парандаҳову мурғакони хушнавою рангоранги сухан, шеър ва суруд дар мадори он озодона парвоз мекунанд ва шумо қудрат надоред роҳашонро бубандед.
Дар Тоҷикистони азизи мо баландтарин арҷ ба забони модарӣ, ба забони тоҷикӣ гузошта мешавад, ки мақоми давлатӣ дорад, забони як кишвари соҳибистиқлол аст. Ва Сарвари ватандӯсти ин кишвар аз минбарҳои баландтарини дунё, аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба забони давлатии худ, ки дар дунё эътироф пайдо кардааст, сухан мегӯяд. Ва боиси сарфарозист, ки зодрӯзи забони тоҷикӣ ҳар сол ҳамчун иди миллӣ дар рӯзи мақоми давлатӣ гирифтани он ҷашн гирифта мешавад. Ва боз ҳам ҷои ифтихор аст, ки зодрӯзи забони тоҷикӣ бо зодрӯзи Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бунёди давлати тоҷикон, эҳёи навини Тоҷикистон, мақоми давлатӣ гирифтани забони муқаддаси он саҳми беназир доранд, таҷлил мегардад, ки хеле шоиставу рамзист.
Пешвои миллати мо ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша арҷгузории баланд ба ҳамзабонони мо дар дунё доранд. Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон гузаронидани Ҳамоиши шоирони ҳавзаи Наврӯз дар Тоҷикистон, ки дар он адибони форсигӯи Эрону Афғонистону Ҳиндустону Покистон ва форсизабонон аз кишварҳои дигари дунё, аз ҷумла аз Амрикову Аврупо иштирок доштанд, далели ин гуфтаҳост. Ҳамасола ба ҷашнҳои миллии мо,аз ҷумла, ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ҷашнҳои Наврӯзи аҷам, Садаву Меҳргон даъват шудан ва иширок намудани теъдоди зиёди ҳамзабонони порсигӯи мо низ далели эътирофи ягонагии забонҳои мо ва арҷгузорӣ ба забони муштараки мо аз ҷониби Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Сарвари он аст.
Яъне забони муштараки кишварҳои мо моро ҳамеша ба ҳам мепайвандад ва эҷодиёти бузургони илму адаби гузашта, ки мо ворисони воқеӣ ва муштараки онҳо мебошем, ҳаргиз намегузорад мо аз ҳам ҷудо бошем. Арҷ гузоштан ба гузаштагони бузург, ба ҳамзабонон ва аслан сиёсати сулҳҷӯёна, дӯстипарварона ва башардӯстонаи мамлакати мо ва давлати Тоҷикистон, ки аз сиришти мардуми хайрхоҳу некманиш ва бунёди Сарвари инсондӯсти он сар мезанад, дар мадди аввали сиёсати берунии кишвари тоҷикон меистад. Оре имрӯз забони безаволи тоҷикон парчами сулҳу дӯстӣ, ливои муҳаббату хайрхоҳии кишвари куҳанбунёд ва адабпарвари мост.
ҲУҶҶАТИ БАХТУ БАҚО
Эй забони тоҷикон, эй набзи ҷони тоҷикон,
Аз тамоми бенишониҳо нишони тоҷикон.
Сарҳади пояндаи хоку ҳавои тоҷикон,
Ҳуҷҷати фархундаи бахту бақои тоҷикон.
Мисли дарё аз баландиҳои ҳикмат рехтӣ,
Бўи гулро бо қиёми хуни дил омехтӣ.
Пора кардӣ мисли шамшер аз миёни асрҳо,
Сохтӣ аз ҳарфи сангинат манору қасрҳо.
Эй забони Рўдакиву эй забони Бўалӣ,
Эй калиди махзани ганҷи ниҳони Бўалӣ!
Эй забони ҳазрати Хайём, ҳамчун бодаҳо,
Асрҳо аз дарди ҳасрат кардаӣ касро даво.
Эй забони ёдҳову эй забони бодҳо,
Эй забони мурғу гул, андарзҳо, фарёдҳо…
Эй забони Хоҷа Ҳофиз, эй забони дардҳо,
Ҷавшани тоҷик алайҳи ҷумлаи номардҳо.
Гоҳ чун нонрезаҳо аз роҳҳо мечинамат,
Пурситора гоҳ чун чархи барин мебинамат.
Эй забони тоҷикӣ, эй зевари мулки Аҷам,
Чун аламдоре барам дар худ туро ҳамчун алам.
Бар шаҳиде дар ғарибӣ як кафи хоки Ватан,
Бар ғарибе зору танҳо пораи поки Ватан.
Эй балогардони тоҷик, эй Худои тоҷикон,
Эй шараф, эй нангу ном, обу ҳавои тоҷикон.
То ту ҳастӣ, нест тоҷик ҳеҷ гоҳе бе Ватан,
Тоҷики белафз бадтар аз ғариби бекафан.
Эй ягона аз ҳама кулфат паноҳи халқи ман,
Будаӣ хуршед дар рӯзи сиёҳи халқи ман.
Гоҳ чун осӣ кашидандат ба зери дорҳо,
Қатл кардандат миёни ом дар бозорҳо.
Хок шуд сад шоҳу мир, аммо ту мондӣ арҷманд,
Нест шуд сад қасру тахт, аммо ту мондӣ бегазанд.
Давлати пояндаи тоҷик фақат андар ту монд,
Рафтаву ояндаи тоҷик фақат андар ту монд.
Дар ҳалолӣ ҳамбаҳо танҳо ба шири модарӣ,
Дар баҳо аз ҷони ширин ҳам маро қиматтарӣ.
Рӯи ту чун рӯи модар, меҳри ту чун меҳри ёр,
Накҳати ту накҳати обу гули хоки диёр.
Пок медорам туро монанди виҷдон то абад,
Мебарам дар худ туро чун хуни шарён то абад.
Сарҳади иқболи некам, сархати имони ман,
Тахту тоҷу давлати ман, қалъаи виҷдони ман.
Эй забони тоҷикон, эй посбони тоҷикон,
Ин туӣ дар мағз-мағзи ҷисм ҷони тоҷикон.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»