Занони тоҷик дар сулҳофарӣ саҳми босазо мегузоранд. 25 октябр- Рӯзи байналмилалии муборизаи занон барои сулҳ

Октябрь 25, 2018 09:09

ДУШАНБЕ, 25.10.2018. /АМИТ «Ховар»/Ҳамасола 25 октябр дар доираи ҳафтаи  амалҳо барои халъи силоҳ (24-31 октябр) дар тамоми ҷаҳон чун Рӯзи байналмилалии муборизаи занон барои сулҳ таҷлил  карда мешавад.  Санаи мазкур   соли 1980 аз ҷониби Федератсияи байналмилалии демократии занҳо   (ФБДЗ)  муайян карда шудааст.

ФБДЗ  ташкилоте мебошад, ки занҳоро бо ҳам муттаҳид мекунад ва дар низомномаи ин ташкилот чунин зикр карда шудааст:  «Новобаста аз нажод, миллат, мазҳаб ва сиёсат барои мубориза бурдан ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, модарон, коргарон,  ҳимояи кӯдакон, баҳри  таъмини сулҳ, демократия ва истиқлолият мардумро муттаҳид менамояд».

Бахшида ба ин сана  дар тамоми ҷаҳон  чорабиниҳои гуногун, чун аксия, конференсия ва  фестивалҳо гузаронида мешаванд. Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамасола вохӯриҳои гуногун   гузаронида мешаванд.

Зан, ки офарандаю созанда, тарбиятгару устоди аввалини ҳар як фард аст, дар ҳалли низоъҳо ва таҳкими сулҳ, пешрафти ҷомеа ва тарбияи насли солиму ояндасоз нақши муассир дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо занҳоро ба он ҳидоят  намудаанд, ки аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош варзанд ва номбардори ин Ватану хоки муқаддаси ниёгони хеш бошанд.

Таъсиси мақоми махсус – Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти гуногунҷабҳаи занони ҷумҳуриро ҳамоҳанг менамояд, гувоҳи он аст, ки Ҳукумати мамлакат ба занон ва саҳми онҳо дар бунёди давлати соҳибихтиёр эҳтироми махсус зоҳир менамояд. Дар назди Кумитаи мазкур Шӯрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ фаъолият менамояд, ки ба он занони сиёсатмадори собиқадор ва собиқ иштирокчиёни иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолзанон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, шоираҳои ширинкалом, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун бо масъулияти баланд хизмат намуда, имрӯз низ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо гузошта истодаанд, шомил ҳастанд.

Ҳадаф аз таъсиси Шӯрои мазкур тақвияти фаъолияти занон дар пешгириву ҳалли низоъҳо, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон зимни ҳалли низоъҳо ва тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаю сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Шӯрои занони сулҳовар  аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонони созандаи даврони истиқлолро даъват менамояд, ки дониш аз бар кунанд ва аз ҳама имконияту шароити хубе, ки барояшон Ҳукумати мамлакат муҳайё намудааст, самаранок истифода баранд.

Зикр бояд кард, ки саҳми Шӯро дар решакан намудани ифротгароӣ ва мубориза бо таассубу хурофот, ки яке аз омилҳои таҳдидкунандаи амнияту оромии кишвар мебошанд, назаррас аст. Бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи ифротгароёна, зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аъзои Шӯрои мазкур корҳои тарғиботию ташвиқотиро васеъ ба роҳ монда, зимни мулоқотҳои худ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳҳои пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлубро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Зеро пос доштани арзишҳои миллӣ ва решаҳои таърихии он аз ҷумлаи муҳимтарин тадбирҳое ба шумор меравад, ки давлатҳои соҳибистиқлол ба ин восита метавонанд худро аз пайомадҳои номатлуб ва таҳдиду хатарҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла таҳмили унсурҳои фарҳангу мазҳаби бегона ҳифз кунанд, яъне амнияти фарҳангӣ ва пешрафти мустақилонаи хешро таъмин намоянд.

Ҳамин тавр метавон гуфт, ки фаъолияти занони тоҷик воқеан ҳам қобили таҳсин аст. Тавре мушоҳида мешавад, имрӯз занони тоҷик дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар самти сулҳофарӣ саҳми босазо мегузоранд. Онҳо хуб дарк мекунанд, ки нақшашон дар бунёди давлати миллӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат хеле муҳим аст. Зеро зан — модар бахшандаи ҳаёт, нигорандаи сулҳу суботи кишвар, ҳидоятгари некиву накӯкорӣ буда, масъулияти худро дар тарбияи дурусти насли солими ҷомеа ва ҳидояти онҳо ба роҳи рост ба хубӣ эҳсос мекунад.

Занони тоҷик дар қатори модарони тамоми дунё пайваста дар андешаи оромӣ, сулҳ, амнияти фарзандони хеш ва дигар сокинони ҷумҳурӣ мебошанд. Онҳо ҳамеша хоҳони сулҳу оромӣ дар Ватани хешанд, зеро сулҳ аст, ки мо оромона ба кор меравему бегоҳ бо дили пур ба хона, назди фарзандон бармегардем. Сулҳ аст, ки аз фазои беғубори Ватан нафас мекашем, аз бунёдкориҳои ҳамарӯза дар он шод мешавем, аз созандагиҳо меболему пайи иҷрои нақшаҳои оянда қадам мезанем.

Замоне Наполеон гуфта буд, ки зан – модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонад,. Ин суханони баландпарвоз набуда, воқеият аст. Зеро зан бо он, ки худ ҳамеша сулҳхоҳу сулҳпарвар аст, ҳамчунин тарбиятгари сулҳофарони дирӯзу имрӯз ва фардо ҳам ҳаст. Метавон гуфт, ки зан худ рамзи сулҳ аст.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2018 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Саридораи геология ба 68 хоҷагӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия додааст, ки ба маконҳои бехатар кӯч банданд
23 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ доир мешавад
Имсол дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 260 нафар кӯдакону наврасон фароғат менамоянд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 45 дараҷа мерасад
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имсол дар телевизионҳои Тоҷикистон 39 лоиҳа ва барномаҳои нав намоиш дода шуданд
Ҳифзи Ватанро аз фазилатҳои Пешвои миллат бояд омӯхт!
22 июл дар Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ доир мегардад
Даври ниҳоӣ дар баландӣ. Дар Бадахшон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Соҳибкорону сокинон дар корҳои ободонии ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ саҳм гузоштаанд