ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом зиёда аз 300 иншоот ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 09.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом то имрӯз як зумра иншоот мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, афзуданд, ки нуқтаи савдои хӯроквории «Канд-бургер», ошхонаи замонавии «Мустафо» ва мағозаи фурӯши гулҳои «Наргис» аз ҷумлаи иншооти мазкур мебошанд.
Зимнан, бунёдкориву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт манша мегирад. Зеро Сарвари давлат ҳамеша бо боварӣ ба иродаи қавии халқи тоҷик мардумро ба корҳои ободонӣ ҳидоят мекунанд.
Аз ҷумла, 12 майи соли равон Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат чунин иброз доштанд: «Давоми се соли дарпешистода зарур аст, ки дар ҳар як маҳали аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру навсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10-15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад».
Ба иттилои манбаъ, дар деҳаи Сомониёни шаҳр як дорухона ва ду майдончаи футболи хурд бо маблағи зиёда аз дусад ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ба истифода дода шуданд.
«Дар маркази шаҳр як маҷмааи хизматрасонии иборат аз ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва нуқтаи шустушӯи мошинҳо ба хизмати мардум манзур гардид»,-илова намуд манбаъ.
Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом бунёди зиёда аз 300 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 50-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.








Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






