Байни Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 29.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият ва густариши ҳамкории судманд байни ин Агентӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо Созишнома ба имзо расонида шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Созишномаи мазкурро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва Вазири корҳои дохилии Қирғизистон Кашкар Ҷунушалиев имзо намуданд.
Мақсади баимзорасонии Созишнома-ин боз ҳам вусъат бахшидан ба ҳамкории дуҷониба ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа арзёбӣ гардид.
Тарафҳо иброз намуданд, ки танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ метавонем бар зидди хатарҳои замони муосир, аз қабили муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мубориза бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Дар охир дар ҳузури меҳмонон маводи нашъаовар, ки аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира шуда буд, нобуд гардид.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






