Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Жаир Мессиас Болсонару
ДУШАНБЕ, 02.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Жаир Мессиас Болсонару барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хушҳолам Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия самимона табрику муборакбодӣ намоям.
Мо ба ояндаи ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон дидгоҳи нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар якҷоягӣ пайгирона саъйю талош варзем.
Бо ибрози беҳтарин орзую таманниёт ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар амри татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати пешрафту шукуфоии кишвари дӯсти Бразилия муваффақиятҳои рӯзафзун хоҳонам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






