Дар Дубай ҳамкории судманди Тоҷикистон, Сербия ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар доираи «Интерпол» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи иҷлосияи 87-уми Маҷмаи умумии «Интерпол», ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо директори «Интерпол»-и АМА Абдулвоҳид Аҳмад Ал-Ҳаммадӣ ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Сербия Небойша Стефанович мулоқот намуд.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуданд, ки зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла ҳамкории дуҷониба, мушорикат дар доираи дафтарҳои «Интерпол» ва вазъи ҷаҳони имрӯза, таҳдиду чолишҳо ба амнияти миллӣ ва минтақавии кишварҳо баррасӣ гардиданд.
«Дар вохӯриҳо масъалаи дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарор дошта ва проблемаҳои савдои одамон баррасӣ гардида, як қатор пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд. Махсусан ба масъалаи дастгир намудани аъзои гурӯҳи террористӣ-эктремистии ҲНИ (мамнуъ дар Тоҷикистон) бо роҳбарии Кабирӣ диққати махсус дода шуд», — хабар дод манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол», ки 18 ноябр ифтитоҳ гардида, то 21 ноябри соли равон идома меёбад, иштирок дорад.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






