Дар Душанбе 4 нафар бо хатарноктарин навъи маводи нашъадор дастгир гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зимни пешбурди корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди пойтахт 4 нафар ҷавонро ҳамчун гумонбар дар хариду фурӯш ва истеъмоли ҳабҳои экстазӣ дастгир карданд.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шаҳрвандон Зоиров Абдурасул Холиқович, соли таваллудаш 02.01.1981, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қазоқон-2; Худойбердиев Зоир Авазхонович, соли таваллудаш 14.03.1991, сокини шаҳри Кӯлоб, пеш бо моддаи 201 КҶ ҶТ суд шудааст, Асроров Маҳмадюнус Маҳмадюсупович, соли таваллудаш 14.10.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳи боло; Раҳматуллозода Беҳрӯзи Субҳоналӣ, соли таваллудаш 30.08.1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сино мавриди боздошт қарор гирифтанд.
Зимни гузаронидани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян карда шуд, ки гумонбаршавандаҳо 44 адад ҳабҳои экстазиро бо нияти истифода кардан ва минбаъд ба соҳибияти каси дигар додан, яъне фурӯхтан бо роҳи ғайриқонунӣ харидорӣ намуда, дар манзили истиқоматии яке аз аъзои гурӯҳ нигоҳ доштаанд. Сипас гумонбаршавандаҳо аз ин миқдор 20 ададашро истеъмол ва қисме аз онҳоро бо роҳи ғайриқонунӣ фурӯхтаанд, ки зимни идомаи корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз паноҳгоҳи гумонбаршавандаҳо 24 адад ҳабҳои экстазии боқимонда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
Мувофиқи маълумотномаи экспертизаи кимиёвии Раёсати ташхиси криминалистии ВКД, 24 адад ҳаб, ки вазни умумиашон 6,4588 граммро ташкил медиҳад, таблеткаҳои экстазии навъи МДМА буда, хатарноктарин навъи воситаҳои нашъадор ба ҳисоб мераванд.
Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо назардошти тибби муосир ва хулосаи илмии табибони тоҷик расман иттилоъ медиҳад, ки истеъмоли ин гуна мавод ба хотираи ҷавонон таъсири манфӣ расонида, оқибат истеъмолкунандагонро ба бемориҳои гуногуни нашъамандӣ гирифтор мекунад.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба гумонбарон тибқи талаботи моддаи 200 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






