Дар Душанбе маҳфили эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достизода баргузор гардид

Ноябрь 5, 2018 09:58

ДУШАНБЕ, 5.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили эҷодӣ бахшида ба 40-солагии фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Миралӣ Достизода баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, дар маҳфил вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли фарҳанг, мухлисон, дӯстон ва наздикони овозхони маъруф иштирок намуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров солгарди фаъолияти пурмаҳсули эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достизодаро табрик намуда, изҳор дошт, ки расо 40 сол муқаддам ҳаводорони санъату фарҳанги мамлакат шоҳиди падидаи наве дар саҳнаи опера ва балет гардиданд. Ин зуҳури ҳунарманди ҷавон Миралӣ Достизода буд.

«Миралӣ Достизода бо ҳунари воло ва услуби хос тавонист шеъру мусиқии тоҷикро бо санъати баланд манзури ҳаводорони опера гардонад. Ин  ҳунари ӯ аз як ҷиҳат ба рушди санъати опера дар Тоҷикистон мусоидат намуда, аз сӯи дигар, муаррифии фарҳанги тоҷик дар саҳнаҳои бузурги олам мебошад»,- баён дошт Шукурҷон Зуҳуров.

Мавсуф иброз дошт, ки Миралӣ Достизода чеҳраҳои барҷастаи таърихии миллати тоҷик, аз қабили Рустами Достон, Исмоили Сомонӣ, Амир Наср, Сарлашкар Мансур ва даҳҳо дигар шахсиятҳои таърихро дар саҳнаҳои опера зинда намуда, манзури ҳаводорони ин санъати зебо  гардонидааст.

«Фаъолияти Миралӣ Достизода дар самти хизмати давлатӣ ва рушди парламенти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, бо унвону ҷоизаҳои пурарзиши миллӣ, ба монанди Ҳунарманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003), Ордени дӯстӣ (2005), медали тиллоии 20-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011) ва соли 2010 барои як силсила сурудҳои ватандӯстона бо Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ  қадрдонӣ гардидааст», -афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи аҳли ҳунару фарҳанг Миралӣ Достизодаро бо камолоти эҷодиаш табрик намуда, иброз дошт, ки ӯ имрӯз дар соҳаи сиёсат ва фарҳанг шахсияти шинохта аст.

«Миралӣ Достизода  шахсияти намоёни санъати тоҷик мебошад, ки тӯли фаъолияти бисёрсолаи эҷодии худ дар инкишофи мусиқии касбӣ, тарғиби беҳтарин дастовардҳои мусиқии ҷаҳонӣ ва тарбияи мутахассисони ин соҳа саҳми  калон дорад»,-изҳор дошт Вазири фарҳанг.

Мавриди зикр аст, ки сурудҳои Миралӣ Достизода ҳам аз ҷиҳати созу наво, ҳам матну мазмун ва ҳам навозиш ба гўши шунаванда ошно ва самимиву заминианд. Васфи Ватан ва гўшаҳои дилкушои он, меҳри оламгири модар, ваҳдату саодати халқ, садоқати фарзандиву шаҳрвандӣ ва меҳру муҳаббати поки инсонӣ мавзўъҳои асосии эҷодиёти оҳангсозанд.

Мавсуф соли 1976 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 1981 бо ихтисоси овозхони опера хатм мекунад. Фаъолияти эҷодиро худи ҳамон сол дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз намудааст.

Аз моҳи июли соли 2002 то моҳи декабри соли 2006 ба сифати  директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст.

Ӯ ҳамчунин солҳои 2006-2013 вазифаи муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Солҳои 2013 то 2015 низ ба ҳайси директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст.  Соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардид.

Дар маҳфил дар иҷрои Миралӣ Достизода ва овозхонону мусиқанавозони маъруфи мамлакат суруду оҳангҳои марғубу дилнишин садо доданд.

Ноябрь 5, 2018 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд