Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид

Октябрь 30, 2025 08:48

ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нашри панҷуми китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони тоҷикӣ дар таҳрири нав бо теъдоди 60 ҳазор нусха аз чоп баромад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муаллифони китоб академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳкам Маҳмудзода ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳмад Раҳимизода мебошанд.

Мундариҷаи китоб аз муқаддима ва 13 боб иборат буда, фарогири кулли масоили назариявӣ ва амалии давлат ва ҳуқуқ мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 30, 2025 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст