Дар Хатлон оид ба нақши Пешвои миллат дар татбиқи ормонҳои миллӣ конференсия баргузор гардид

Ноябрь 15, 2018 15:49

БОХТАР, 15.11.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Дар шаҳри Бохтар  бахшида  ба  Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ва  ба  истифода  додани  агрегати  якуми  Неругоҳи  барқи обии  «Роғун»  таҳти унвони  «Нақши  Пешвои  миллат  дар татбиқи  ормонҳои  миллӣ»   конференсияи  вилоятӣ  баргузор гардид. 

Дар кори конференсия  муовини раиси  вилояти  Хатлон  Махфират  Хидирзода  оид ба дастовардҳо  дар  даврони  Истиқлолият ва  саҳми Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар барқароркунии  сулҳу  ваҳдат  ва  ободиву   рушди  Тоҷикистон сухан гуфт.

Дар ҷамъомад ҳамзамон ноиби президенти Академияи  илмҳои  Тоҷикистон,  доктори илмҳои  сиёсӣ, профессор,  узви вобастаи  Академияи  илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон  Муҳаммад,  номзади  илмҳои  химия,  дотсент,  декани   факултаи  муҳандисӣ ва  идораи  биржавии  байналмилалии  истеҳсолии  Донишгоҳи  давлатии  Данғара  Раҳмоналӣ Олимов  ва  дигар  олимон оид ба ташаббусҳои созандаи  Пешвои миллат  Эмомалӣ  Раҳмон,  таъмини  истиқлолияти  энергетикии    Тоҷикистон  ва  рушди неруи  инсонӣ,  ба  кор шурӯъ намудани  агрегати  якуми  Неругоҳи  барқи обии  «Роғун»  ва  аҳамияти  ин иншооти бузург  барои Тоҷикистон  ва  минтақа  сухан  ронданд.

Ноябрь 15, 2018 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд