Дар Озарбойҷон таҳти унвони «НБО «Роғун» — дастрасии дарозмуддат ва устувори обу неру дар минтақа» конференсия доир гардид

Ноябрь 23, 2018 17:26

ДУШАНБЕ, 23.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 21 ноябр бахшида ба рӯйдоди муҳими таърихӣ, яъне маросими оғози кори агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар мавзӯи «НБО «Роғун» — дастрасии дарозмуддат ва устувори обу неру дар минтақа»  конфронс баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар конфронси мазкур вакилони Милли Меҷлис, намояндагони вазорату идораҳо, намояндагони аҳли зиёи Ҷумҳурии Озарбойҷон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими шаҳри Боку, кормандони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватанони муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ Сафири Тоҷикистон дар бораи талошу заҳматҳо ва нақши таърихии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, бунёдкориву созандагӣ ва амалишавии барномаҳо дар кишвар, инчунин ноил гаштан ба истиқлолияти энергетикӣ сухан гуфт.

Сафир дар бораи нақши муҳими Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО «Роғун», таърихи ташаккул, иқтидор ва имкониятҳои техникии ин иншооти тақдирсоз ва аҳамияти бузурги он барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар сухан гуфт.

Таъкид гардид, ки Роғун ин бузургтарин иншоот барои истеҳсоли неруи  аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва омили таъмини рушди устувори Тоҷикистон ва минтақа мебошад. Вобаста ба ин нақши калидии Неругоҳи барқи обии «Роғун»  дар татбиқи лоиҳаи минтақавӣ: КАСА – 1000 низ зикр гардид.

Дар кори Конфронси мазкур Роҳбари Дафтари Барномаи Рушди СММ – Ғ.Исоқзай, муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Р.Маммадов, Сафири Иттиҳоди Аврупо Я.Кестутис, Сафири Россия  М.Бочкарев, Роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ Х.Нагвӣ, ҳамчунин роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ, аз қабили ИМА, Италия ва дигар кишварҳо вобаста ба аҳамияти НБО-и «Роғун» ва саҳми он дар минтақа  сухан гуфтанд.

Иштирокчиён зимни суханрониҳои хеш бунёди НБО-и «Роғун»-ро баланд арзёбӣ намуда, онро яке аз омилҳои калидии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва минтақа шуморидаанд. Инчунин гуфта шуд, ки НБО-и «Роғун»-и Тоҷикистон барои рушди ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи лоиҳаи энергетикаи КАСА-1000 ба манфиати аҳолии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд.

Дар доираи чорабинӣ лавҳаҳо бо аксҳо оид ба рафти бунёди НБО-и «Роғун», инчунин китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷдид ва эҳёи сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун» манзури иштирокдорон гардонида шуданд.

Ҳамзамон навори ҷолиб оид ба маросими тантанавӣ ҷиҳати ба кор даровардани  агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба намоиш гузошта шуд.

 

Ноябрь 23, 2018 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 18 ҳазор коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони НБО «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар НБО «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳо дар майдончаи сохтмонии №5А-и НБО «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди рӯди Оби Шӯри НБО «Роғун» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар баромадгоҳи нақби нақлиётии НБО «Роғун» дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд