Дар шаҳри Дубай масоили ҳамкории Тоҷикистон ва «Интерпол» баррасӣ гардиданд

Ноябрь 19, 2018 16:32

ДУШАНБЕ, 19.11.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол», ки дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Котиби генералии ин созмони байналмилалӣ Юрген Шток мулоқот анҷом дод.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот ба масъалаи дастгир намудани ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

«Ҷонибҳо масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дигар хатарҳои замони муосир ва кумаки ин созмони ҷаҳонӣ ба Бюрои миллӣ — марказии «Интерпол» -и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд»,-хабар дод манбаъ.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат, Рамазон Раҳимзода дар  ин рӯз  бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Ахтар Муҳаммад Иброҳимӣ низ мулоқот анҷом дод.

Ҷонибҳо оид ба таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар зуҳуроти номатлуб суҳбат ва ҷиҳати таъмини амният дар ин мамлакат таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар айни замон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб  дар ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол», ки  то 21 ноябри соли равон идома меёбад, иштирок дорад.

Ноябрь 19, 2018 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид